Нашрияи Омӯзгор

Пеш рафтӣ, кор осон мешавад

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Тайи чанд соли охир бо пешниҳоди мавзӯъҳои дархӯри рӯз ва фарогири масоили ҳаёти наврасон дар Телевизиони «Баҳористон» дигаргуниҳои  сифатию мавзӯӣ ба амал омадааст.

Аз ҷумла, барномаи «Парвин» муаррифгари истеъдодҳои навин аст. Ҷалби мусиқишиносон, суолу ҷавоби содаву фаҳмо, баҳои ҳақиқӣ додан ба ҳунари наврасон, кашфи истеъдодҳои ҷавон аз масъулиятшиносӣ ва заҳмати роҳбарияти Телевизиони «Баҳористон» (директораш Д. Амирзода) башорат медиҳад. Махсусан, саҳми коргардонҳо Зиёвиддини Сафар, Аюб Ӯроқов ва Музаффар Сулаймонӣ дар бахшҳои мусиқӣ, фарҳангӣ ва хабарӣ шоистаи таҳсинанд. Дар пасманзарии фароғати тамошогарон чӣ андоза талошу такопӯҳо нуҳуфта мемонад, ки ин заҳмати асилро танҳо донандагони соҳа нозук пай мебаранд.

Бароям аз хусуси барномаи «Як соат» гуфтан хуш аст. Бо тавлиди он чеҳраи журналист Ҳалимаи Ғолиб дар ёди ҳаводорони бешумор нақш баст. Бо тамошои ин барнома бинандагон аз навигариҳою воқеаҳои аҷиб хабардор мешаванд. Ин бонуи хушзеҳну боистеъдод тавонистааст, ки бо лаҳни шевою сабки хос ва ҷустуҷӯи мавзӯъҳои муҳим ҷойгоҳи худро пайдо намояд.

Хабарнигорони Телевизиони «Баҳористон» дар остонаи ҳар як ҷашнвора ва таҷлили санаҳои таърихӣ пешсафӣ нишон дода, хурдсолонро дар рӯҳияи шинохти зебоиву меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия мекунанд. Барои намуна, метавон озмунҳоро аз боби рассомӣ, васфи Ватан, тараннуми Истиқлолият, инчунин, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар,  ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон далел овард. Наврасон маҳсули тахайюли худро бо ҳавас ба ин шабака бурда, бо дидани ному насаби худ, ба истилоҳ дар титр хушҳол мегарданд. Аҷаб не, аз миёни ҳамин хурдсолон фардо рассомони касбӣ ба камол бирасанд.

Озмуни «Вақте қалам мегирам…» дар муддати кӯтоҳ мухлисони зиёдро гирди ҳам овард. Аён аст, ки наврасон ҷаҳонбинии фарох дошта, ба ифшои сухани дилнишин саъю кӯшиш доранд. Маҳз тавассути талошу такопӯҳои пайвастаи сармуҳаррири болаёқат Ҳалимаи Ғолиб дар даври аввали озмун беш аз 100 нафар ширкат варзиданд.

Ҳалимаи Ғолиб ҳамчун журналисти ҷӯянда ба ҳар намоише даст бизанад, аз иҷрои он муваффақона мебарояд. Тамошогарони хурдсол истеъдоди Ҳалимаро дар нақши модари Ҳасан (аз рӯи навори мустанади «Феъли бад») шинохтаву баҳои сазовор додаанд. Бубинед, як журналист ҳам бо қалам сари кор мегирад, ҳам намоиш таҳия мекунад ва ҳам дар саҳна баробари ҳунармандони касбии театр нақш мебозад.

Сиёвуш Хидиров, муовини аввали директори Телевизиони «Баҳористон» дар суҳбат гуфт, ки баъди ба барномаи нави «HD» гузаштан масъулият пеши тамошобинон ба маротиб афзудааст.

Дар ин зимн, барномаҳои «Ҳусни баён», «Матин», «Беҳтар аз дӯст», «Тоҷикистон-кишвари мо», «Суҳбати рӯз», «Мо ва ҷонварон», «Таҳамтан» ва монанди ин хотирмон ҳастанд. Чунки таҳлил ва бозгӯи фишурдаи мавзӯъ маҳаки намоишҳоро ташкил додаанд. Ҳамзамон, метавон ин барномаҳоро дар тарҳи нав, бо нигоҳи дигар ва бо тақозои замон пешкаш намоянд.

Бо вуҷуди пешравиҳо дар фаъолияти кормандони Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» костагиҳо низ ба назар мерасад. Баъзан такрори бемаврид сатҳ ва сифати намоиш ё барномаҳоро мекоҳонад. Масалан, пурсиши паёпай, шитобзада ва забони носуфтаи духтараки ровӣ (ному насабашро дар ёд надорам)-«Чаро шумо шабакаи «Баҳористон»-ро тамошо мекунед?» гӯшхарошу берабт садо медиҳад. Беҳтараш  суолро як бор гузошта, дар атрофи он посухҳо садо медоданд. 

Чунин шитобзадагӣ, умумигӯӣ ва носуфтагиҳоро дар намоишҳои «Панҷаи ҳунар» ва «Навори ҷолиб» ҳам поксозӣ бояд кард. Як суолро чанд маротиба ба дигар тарз гузоштан ва як посухро дар чанд шакл истифода намудан тамоман ҷоиз нест. Инро як андоза фиребидани тамошогар низ метавон унвон кард. Забони маснӯии кӯдакона ба синну сол ва бо либоси нимурён омадани муаллифи «Навори ҷолиб» дар саҳна ба кадом хотир аст? 

Коргардонҳо бояд пас аз сабти ҳар намоиш баъди муҳаррирон бандубаст, садо, тарзи нишаст ва истифодаи дурусти калимоти мусоҳибонро ба таври ҷиддӣ зери назорат бигиранд. Чунки мо ба тамошогарон ҳуқуқи маънавии пешниҳоди барномаю намоиши пастсифат ва бемантиқи телевизиониро ҳаргиз надорем. Наврасони замони муосир аз лиҳози биниш ва тафаккур касро ба ҳайрат мегузоранд. Намунаи барҷастаи дастовардҳои  наврасони тоҷик дар озмунҳои фаннӣ берун аз Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд. 

Гумони ғолиб ин аст, ки норасоиҳои мавҷуда ҷойгоҳ ва маҳбубияти шабакаи мазкурро дар назди бинандагонаш ҳеҷ гоҳ коста нахоҳад кард. Зеро худи журналисти варзида Дилафрӯз Амирзода дар ин ҷода таҷрибаи ғанӣ дошта, журналистони касбиро гирд овардааст.

 

Сипеҳри Ҳасанзод,

Аълочии матбуоти

Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш