Нашрияи Омӯзгор

Омўзгори муваффақу эҷодкор

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Яке аз масъалаҳои мубрам ва асосие, ки имрўз омилҳои пешрафтро дар рушди соҳаи маориф муайян мекунад, дарёфту муаррифӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омўзгорони соҳибтаҷрибаю навовар ва  баландихтисоси ҷумҳурӣ аст.

Муаллимаи соҳибилму варзида, донишманду боистеъдод Робия Неъматова аз ҷумлаи чунин  омўзгорон ба шумор меравад.

Муаллима Робия Неъматова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии  омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти омўзгориашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба ҳайси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон оғоз намуд. Баъдтар,  дар гимназияи №53-и ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе то моҳи августи соли 2019  кор  кард.

Муаллима аз якуми сентябри соли 2019 инҷониб дар литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  фаъолият мекунад.

Борҳо  ба дарсҳои муаллима  иштирок карда, раванди дарсашро мавриди омўзиш қарор дода, пай бурдам, ки бо шогирдон муносибати хуб дорад, ба дарс бо тайёрии ҷиддӣ ҳозир мешавад, ҳамеша дар пайи ҷустуҷў мебошад. Дарси муаллима пайваста аз рўйи муносибати  босалоҳият ба таълим роҳандозӣ мегардад.

 Аз суҳбатҳои самимии муаллима Р. Неъматова ба мо маълум гардид, ки ў ҳамчун омўзгор дар назди худ вазифа гузоштааст, ки шогирдонро дар рўҳияи ватандўстӣ, инсонпарварӣ,  расидан  ба қадри арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Дар давоми 23 соли фаъолияти  омўзгориаш муаллима  шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки ба дастовардҳои зиёде ва ин боиси сарфарозии муаллима мебошад.

Дар баробари ин, бо падару модарон доимо ҳамкориро ба роҳ монда, барои тарбияи насли солими ҷомеа саҳми худро мегузорад.

Муаллима соҳиби чандин дастуру мақола буда, ба  навиштани рисолаи илмӣ низ камари ҳиммат бастааст. Месазад, ки таҷрибаи чунин омўзгорони муваффақу эҷодкор тарғиб ва омўхта шавад.

 

Бибиқанд Неъматова,

омўзгори калони кафед-раи методикаи таълими фанҳои гуманитарии

 ДҷТИБКСМ, унвонҷў


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш