Нашрияи Омӯзгор

Шоири ватанпарвар ва башардўст

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун шоири ватансаро ва башардўст эътироф гаштааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар эҷодиёти шоир ғояҳои ватанпарастиву ватандўстӣ, ваҳдату ягонагӣ, худшиносию худогоҳӣ, садоқату вафодорӣ ба Ватан ба таври олӣ тасвир ёфтаанд, ки назир надорад. Ашъори ў масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятӣ, халқу кишвар, дарди миллат ва ниҳоят орзуву ормонҳои ўро низ дар бар гирифтаанд. Ҳамзамон, дар достонҳои худ, ғояҳои инсондўстиву инсонпарварӣ ва башардўстии миллату халқиятҳои дигарро низ ифода намуда, ба пешравию муваффақиятҳои иҷтимоӣ ва сулҳу дўстии халқиятҳои дунё хизмати бузург анҷом додааст.

 Дар шеъри “Ҳаргиз” (соли 1942) ҳар як фардро ба ҳифзи Ватан ва мудофиаи он даъват намуда, азизу муқаддас донистани Ватан ва бо меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ дўст доштани он ва дареғ надоштани ҷону танро дар ин роҳ чунин менигорад:

Ту зинда бош Ватан – хонаи умеди халқ,

Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.

Даме пурбаҳо мешуморам суханҳоро

Баландтар зи Ватан нест дар забон ҳаргиз.

Дар шеъри «Модарам» низ чунин мисраъҳоро ба ёд меорам:

Дўст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,

Рўдҳои нуқрагину нилгун офоқро,

Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,

Ҳамзамон кишлоқиёни дар муҳаббат тоқро,

 Бубинед, ки чӣ қадар меҳру муҳаббати дилбастагии модару деҳа, мактаб, меҳру муҳаббати ҳамдеҳагонаш нисбат ба дўсту азиз будани Модар-Ватан инъикос шудааст, ки ҳисси ватанпарварии ўро ифода менамояд. Барои шоир Модару Ватан аз ҳама азизтарину муқаддастарин аз ҷонаш ҳам авлотар, аз обу хоки он ҳам азизу гиромист.

 Ба такрор бояд гуфт, ки хизматҳои шоири маҳбуби дилҳо дар назди халқу Ватан ниҳоят бузург аст. Аз ҷумла, хизматҳои шоёни ў дар риштаи мустаҳкам намудани сулҳу дўстӣ ва бародарии халқҳои Осиёву Африқо ва Шарқ аз қабили онҳост. Шоир ғояҳои сулҳу дўстӣ ва бародариро на танҳо бо ашъори худ тасвир кардааст, балки бо риштаҳои таърихиву фарҳангӣ, миллию анъанавӣ ва сиёсиву давлатӣ ба сомон расонидааст. Саҳми арзандаи шоири маҳбуби дилҳо Мирзо Турсунзода доир ба ватандўстиву ватанпарастӣ, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу дўстӣ, суботи сиёсӣ, инсондўстиву башардўстӣ, рушду тараққиёти анъанаҳои милливу фарҳангӣ ва ғайра басо бузург аст. Ҳамзамон, Мирзо Турсунзода на танҳо шоиру адиби тавоно, балки арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ дар назди халқу Ватан ва сатҳи ҷаҳонӣ шуҳратёр аст. Хизматҳои бузурги таърихии шоири маҳбуб барои насли наврас ва ҷавонони даврони истиқлолият мояи ифтихор, дарси худшиносию ватандорӣ, худогоҳӣ ва инсонпарварист.

 

Шерзод КОМИЛӢ,

омўзгори мактаби №24,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш