Нашрияи Омӯзгор

Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 957        Шарҳ: 0

 

Аз таърихи хат ва алифбо

Хат ва алифбо омили асосии густариш ва ташаккули тафаккури башарият маҳсуб меёбад. Дар оғоз инсонҳо фикру андеша ва мақсади худро бо роҳҳои гуногун ифода мекарданд. Бо ин мақсад нахуст  хат ва сипас, алифбо ба вуҷуд омад, ки тадриҷан воситаи муҳими робитаи инсонҳо гардиданд. Хат ва алифбо таърихи тўлонӣ дошта, шебу фарози зиёдро аз сар гузаронидааст ва ба ин васила, ҳамчун воситаи асосии пешниҳоди андешаву афкор ва ба вуҷуд омадани китоб гардидааст.

Дар китоби нави номзади  илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодулло Абдуллоев «Таърихи пайдоиши хат ва инкишофи он» (Душанбе: Матбаа, 2021. – 156 саҳ.) перомуни таърихи пайдоиш, марҳилаҳои инкишофу таҳаввул ва такомули хату алифбо сухан меравад. Китоби мазкур аз  чор боб – «Хатҳои пиктографӣ ва идеографӣ», «Хатнависии ҳиҷоӣ», «Хатнависии ҳарфӣ-овозӣ» (фонемографӣ) ва «Таърихи хат ва алифбо дар мактабҳои пешина ва ҳозираи тоҷик» иборат мебошад.

Дар боби якум дар хусуси таърихи пайдоиш ва давраҳои инкишофи хатҳои пиктографию идеографӣ ба таври фарогир маълумот дода шудааст. Ба таъбири муаллиф, аз қадим дар давраҳои инкишофи хат аввалин маротиба хатнависии тасвирӣ ё пиктографӣ (аз калимаи лотинии pictus – «суратӣ ё тасвирӣ» ва юнонии grapho – «менависам») пайдо шудааст. Яъне, сарчашмаи пайдоиши хатти аввалин санъати тасвирӣ буда, ба давраи маданияти мезолит (10-15 ҳазор сол пеш аз милод) рост меояд. Хатти мазкур бо мақсади барқарор кардани робитаи байни одамон тавассути тасвири ашё, ҳаракатҳои гуногун, ҳодиса ва монанди инҳо дар рўйи санг, дарахт, лой хизмат мекард.

Ҳамчунин, хатти пиктографиро ба ду қисм - хатти аксӣ ва аломатҳои шартии қадимӣ тақсим намуда, ҳар яки онҳоро тавзеҳ бахшидааст ва истифодаи он дар замони ҳозира низ аз ҷониби муаллиф бозгўйӣ шудааст. Овардани намунаи хатҳои тасвирӣ дар китоб барои шинохти бештари ин намуди  хат мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки пиктография хатти бағоят осон маҳсуб ёфта, тавассути тасвир маълумот расонида мешавад. 

Хатти идеографӣ (кали-мавӣ), ки дар заминаи хатти пиктографӣ ба вуҷуд омадааст, дар рушди тафаккур ва пешрафти ҷомеа хидмати арзанда кардааст. Мафҳуми «идеография» (аз калимаи юунонии (idea – «фаҳмиш» ва grapho – «менависам») баёни фикр буда, маълумотро тавассути тасвири аломатҳо пешниҳод кардан мебошад. Дар идомаи ин боб, перомуни  хатҳои  иероглифии мисрӣ, мехӣ ва иероглифии хитойӣ маълумоти муфид оварда шудааст. Бояд гуфт, ки Мисри Қадим аз қадимтарин махзанҳои илмӣ маҳсуб ёфта, хатти иероглифӣ аввалин маротиба дар асри IV пеш аз милод дар ин сарзамин пайдо шуда, то нимаи дуюми асри III милодӣ (6,5) арзи вуҷуд кардааст. Дар ин миён доир ба вуҷуд омадани хатҳои дигар дар Мисри Қадим низ маълумот дода шудааст.

Дар раванди муаррифии хатти мехӣ муаллиф намудҳои онро радабандӣ намудааст. Дар китоб хатҳои мехии шумерӣ, аккодӣ, аламӣ, урартӣ, угаритӣ ва порсии қадим таҳлили муфассал ёфтаанд. Хатти мехӣ дар миёнаи асрҳои IV-III пеш аз милод дар Осиё ба вуҷуд омада, солҳои тўлонӣ мавриди истифода қарор дошта, дар рушди он шумерҳо, аккодипҳо, бобулиҳо, ошўрҳо, эламиҳо, урартҳо, угаритҳо ва порсҳои қадим саҳм гузоштаанд. Иероглифи хитойӣ низ аз қадимтарин хатҳо маҳсуб меёбад, ки марҳалаҳои инкишоф ва ислоҳоти алифбои хитойӣ ба он алоқамандии зич дорад.

Боби дуюми китоб «Хатнависии ҳиҷоӣ» унвон дошта, дар он системаҳои хатнависии ҳиҷоӣ-идеографӣ: хатти критӣ (минойӣ), фита (диск)-и фестӣ, хатҳои кипрӣ, библосӣ, майя, ҳиҷоии ҳиндӣ (браҳманӣ, кхароштхиӣ), ҳиҷоии эфиопӣ, японӣ ва кореягӣ ва менде таҳлил гардидааст. Муаллиф зикр кардааст, ки хатнависии ҳиҷоӣ ё силлабӣ (аз юнонии  syllable – «ҳиҷо») як тарзи хатнависиест, ки ҳар як аломати графикӣ ҳар гуна воҳиди забонро ҳамчун ҳиҷо ифода мекунад. Дар идома муаллиф хатнависии ҳиҷоиро таърихан таҳлил намуда, ба 4 гурўҳ ҷудо намудааст:

Ба гурўҳи якум системаҳои хатнависии ҳиҷоии шумерӣ, ошўрӣ-бобулӣ, урартӣ, критӣ, майя ва дигарҳоро мансуб донистааст, ки дар натиҷаи истилоҳот хатҳои кипрӣ ва библосӣ ба вуҷуд омадаанд. Ба гурўҳи дуюм бошад, системаи хатнависии ҳиҷои эфиопӣ, ҳиндӣ, ки дар асоси хатти констиантӣ-овозӣ  ба вуҷуд омадааст, бо роҳи вокалӣ дохил мешавад. Гурўҳи сеюм системаҳои хатнависии ҳиҷоии ибтидоии дар заминаи хатти идеографӣ ба вуҷуд омаданро (японии кна, корейӣ) ташкил медиҳанд. Гурўҳи чорум системаи хатнависии ҳиҷоии ихтирооти нав барои халқҳои камаҳолии қитъаҳои Амрико, Африқо ва Осиёро дар бар мегирад. Муаллиф давраҳои рушди ин хатҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, заминаҳои рушду такомул ва тағйири инкишофи онҳоро шарҳ додааст.

Дар боби сеюми китоб хатти ҳарфӣ-овозӣ, системаи хатҳои консонантӣ-овозӣ (мероитӣ, протосинайӣ, протохананӣ, угаритӣ), хатҳои консотнантии финипкӣ ва шохаҳои он (ҳомӣ-яҳудӣ ва саомӣ-арабӣ), оромӣ ва шохаҳои  он (яҳудии эронӣ, авестоӣ, хоразмӣ, суғдӣ, туркӣ, уйғурӣ, муғулӣ, манҷурӣ, палмирию суриёнӣ, арабӣ), системаи хатҳои вокалӣ-овозӣ (юнонӣ, арманӣ, гурҷӣ), алфавитҳои осиёихурдӣ ва зергурўҳҳои онҳо (фригийӣ, ликийӣ, лидийӣ, карийӣ, сидетӣ), этрускӣ ва шохаҳои он (венетсиягӣ, оскӣ, умбрӣ, флискӣ), лотинӣ ва намунаҳои он ва хатҳои рунигӣ, славянӣ ва русӣ  таҳлилу баррасӣ гардидааст. И. Абдуллоев зикр намудааст, ки «пайдоиши хатти ҳарфӣ-овозӣ дар шакли дурусташ барои бештари халқҳои ҷаҳон, бешубҳа, қадаме ба пеш буд. Он, асосан, омўзондани забонро осонтар карда, ба кори ҳуруфчинии аломатҳо, саводнокгардонӣ, дараҷаи баланди пешравии тараққиёти ҷомеа мусоидат намуд».

Дар боби чорум асоси пайдоиш ва рушди хатҳои тоҷикӣ – хатҳои мехӣ, авестоӣ, суғдӣ, монавӣ, бохтарӣ, сакоӣ-хутанӣ, арабӣ ва навъҳои он, лотинӣ, русӣ, аломатҳои китобат, таълими хат, дастнавис ва воситаҳои хатнависӣ дар мактабҳои пешинаи тоҷикӣ, дастурҳои таълимӣ оид ба машқи хат, хатнависӣ ва риояи гигиенаи он дар мактабҳои пешина ва ҳозира, таълими хат ва тозанависӣ дар муассисаҳои таълимии муосир шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Муаллиф дар бораи аввалин хатти форсии қадим чунин таъкид мекунад: «Хатти мехии форсии қадим хатти расмии сулолаи Ҳахоманишиён (асрҳои  VI-IV пеш аз милод) буд… Хатти мехӣ бори аввал дар Бобулистони Қадим пайдо шуда буд. Азбаски аломатҳои хатти мехии Ҳахоманишиён аз хатти мехии бобулӣ (аккодӣ) ва ошўрӣ фарқ доштанд, аз ин ҷиҳат, ба хатти мехии Ҳахоманишиён хатти форсии қадим ном доданд. Форсҳои қадим ба аломатҳои хатти мехии бобулӣ ва ошўрӣ вобаста ба овозҳои садоноки забони худ аломатҳо илова намуданд.

Инчунин, дар китоб зина ба зина раванди тағйирёбиву ташаккули алифбо ва аломатҳои китобатии тоҷикӣ  нишон  дода шудааст. Масалан, муаллиф дар бораи аломатҳои китобат менигорад: «Дар давраҳои инкишофи таърихи хатти забони тоҷикӣ ва хатҳои мехӣ, оромӣ, суғдӣ, паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, парфиянӣ, сакоӣ-хутанӣ, араб сар карда, аломатҳои гуногуни китобат мавҷуд буданд. Онҳо дар шаклҳои шохчаи гул, гулҳои ситорамонанд, барг, секунҷа ё кунҷ ишора карда мешуданд. Танҳо пас аз қабули алифбои лотинӣ (соли 1928) ва алифбои кириллиасоси тоҷикӣ (соли 1940) аломатҳои китобатии онҳо мувофиқи вазифа ва маънои худ ба нутқи хаттии имрўзаи мо дохил шудаанд».  И. Абдуллоев  бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ муайян кардааст, ки тоҷикон 5 маротиба алифбои худро иваз намудаанд.

Воқеан ҳам, китоби «Таърихи пайдоиши хат ва инкишофи он» аввалин асарест, ки ҳамчун дастури таълимӣ барои макотиби олии кишвар ба таври фарогир хату алифбо ва марҳалаҳои инкишофи онро бо забони тоҷикӣ таҳлил баррасӣ намудааст. Марҳалаҳои инкишоф ва рушди он ба таври дақиқ ва бо такя бо асарҳои илмии муҳаққиқони хориҷию ватанӣ мушаххас гардидааст. Ҳангоми таҳлил ва баррасӣ муаллиф ба далелҳои нав такя менамояд ва нақши хату алифборо  дар пешрафту тараққиёти ҷомеа нишон медиҳад. Маълум мегардад, ки дар таълифи китоби мазкур муҳаққиқ заҳмати зиёд кашидааст, аз ин рў, рисола фарогири маълумоти зиёди илмӣ мебошад. Овардани намунаҳои хату алифбои тамоми мамлакатҳо ва шарҳу тавзеҳ бахшидани онҳо барои шиносоии бештар ва омўзиши васеи онҳо мусоидат мекунад. Инчунин, дар китоб муайян намудани ҳар давра ва заминаҳои ташаккули он, ки бевосита ба таърих ва давлатдории сулолаву империяҳои бузург ва давлатҳои гуногун иртибот дорад, нишон дода шуда, мафҳуму ибораҳои илмӣ  шарҳу тавзеҳ ёфтаанд, ки басо ҷолиб ва муҳим мебошад. Намунаи таҳқиқотҳо оид ба хатҳои гуногун зикр гардидааст, ки барои омўзиши васеи донишҷўён такони ҷиддӣ мебахшад. Таҳқиқоту пажўҳишҳои дар ин замина анҷомёфта, нақши давлатҳо ва мутафаккирону олимони шинохта дар рушду такомули хату алифбо бозгўйӣ кардааст. Ҳамчунин, дар китоб маълумоти аҷиб ва дақиқ перомуни рушди хатту алифбоҳои ҷаҳон оварда шудааст. Муаллиф дар бораи истифода ва мавқеи ҷуғрофии алифбоҳо дар ҷаҳон менигорад: «Хатти арабӣ яке аз хатҳои маъмултарини ҷаҳон ба шумор меравад. Ин хатро зиёда аз 20 мамлакати дунё истифода мебаранд. Қариб 10%-и мардуми кураи Замин бо ин хат менависанду мехонанд… Дар замони ҳозира алифбоҳои дар асоси лотинӣ сохташударо қариб 30-35%-и аҳолии кураи замин истифода менамоянд».

Дар робита ба рушди хату алифбо муаллиф ҳар яке аз онҳоро муқоиса, таҳлилу баҳогузорӣ менамояд ва тарзу шакли навишти онҳоро мефаҳмонад.  Бартарии хат-ҳо ва истифодаи онҳоро дар давлатҳои гуногун тавзеҳ бахшида, расмҳои овардашударо  шарҳ медиҳад.

Дарвоқеъ, китоби Ибодулло Абдуллоев «Таърихи пайдоиши хат ва инкишфои он» ҳамчун дастури муҳиму муфиди омўзишӣ барои донишҷўёну унвонҷўён ва доираи васеи аҳли илму адаб хидмат мекунад.

 

Ноилшоҳ Нурализода,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш