Нашрияи Омӯзгор

Мақоми таълиму тарбия

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Мақсади асосии тарбия барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда шудааст. Дуруст ба роҳ мондани сиёсати миллӣ аз равандҳои муҳимми таълиму тарбияи миллӣ мебошад, ки дар инсон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин инсон қодир аст, нисбат ба зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид назар кунад, Ватани хешро дўст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби нангу номуси миллӣ ва ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ бошад.

Тарбияи миллӣ гуфта ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат, донистани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанг, эҳтироми миллатҳои дигарро дарбар мегирад. Раванди тарбия оҳиста-оҳиста мавқеи худро ба ҷараёни сиёсати давлат мутобиқ намуда, шаҳрвандонро ба дигаргунсозии  тарзи ҳаёт, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва пешрафти давлату миллат сафарбар менамояд. Сиёсати миллии ҳар як кишвар хусусиятҳои хоси худро дошта, бештар амалҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба нафъи  кишвар  бошанд. Тарбияи миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дигар анъанаву суннатҳои миллиро дар назар дорад. Маънои асосии  тарбияи миллӣ тарбияи шаҳрвандони кишвар аст, ки бевосита ба сиёсати миллӣ вобастагӣ дорад. Сиёсати миллӣ бошад, барои комёб гардидан ба сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти кишвар равона гашта мақоми таълиму тарбия ва дурнамои рушди миллатро муайян менамояд.                                    

Лаълбегим Қадамшоева,

омўзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш