Нашрияи Омӯзгор

Фарзанди содиқи миллат

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Шарифҷон Махдуми Садри Зиё дар миёни маорифпарварони Бухорои Шариф аз симоҳои намоён маҳсуб мегардид. Ў шахсияти басе донишманд ва маърифатпарвар буда, дар мактаби маорифпарварии Аҳмади Дониш камол ёфта, ба зиндагӣ ва таҳаввулоти айём назари нек дошт. Дар миёни қозиёни замон, ба гуфти устод Айнӣ, мисли Садри Зиё ва Исо-махдум, одамони маъмур ангуштшумор буданд. Васф ва хизматҳои Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и хеш хеле боэҳтиром тафсир ва тавсиф намудааст.

Марҳамат ва меҳру-бониҳои ин шахсияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба устод Айнӣ барин ҷавонони илмомўзи мадрасаҳои Бухоро расида буд. Ў беш аз шаш сол дар баробари таҳсили мадраса дар ҳавлии Садри Зиё хизмат намуда, аз ошу нон ва фазилати маҳфили бузургони давр баҳравар гардидааст. Худи Садри Зиё дар тазкираи машҳури хеш «Тазкираи ашъор» дар сифоти ду ҷавони умедбахш - Садриддин Айнӣ ва Абдулвоҳиди Мунзим бо эҳтиром сухан гуфта, онҳоро чашму гўши худ меномад. Ана дар ҳамин айём дарсҳои мадраса хостаҳои ўро қонеъ гардонида наметавонистанд. Мухлисона ба омўзиши намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс шурўъ мекунад. Аз ин давра истеъдоди шоирӣ ва нависандагии Айнӣ байни аҳли фазлу адаб падидор мегардад.

Нишастҳо ва мубоҳисаҳое, ки дар хонаи Шарифҷон Махдум доир мегардид, ба Садриддин Айнӣ бетаъсир намонд. Аз ҷониби дигар, андешаҳои пешқадами А. Дониш ба шуури Айнии ҷавон таъсири муайян мерасониданд.

Ҳамин тариқ, тадриҷан С.Айнӣ пайрави Аҳмади Дониш ва давомдиҳандаи андешаҳои пешқадами маорифпарваронаи ў мегардад.

Мувофиқи маълумотҳо оғози фаъолияти адабии Айнӣ аз соли 1895 шурўь мешавад. Вай дар баробари ин ҳаёти ҷамъиятии онвақтаро омўхта буд. Аз муносибатҳои синфӣ низ бархўрдор гашта буд. Огоҳӣ аз ҳаракати ҷадидия, Айнӣ ва чандин ҷавонони дигарро ба муборизаи беамон ҳидоят мекард. Ақидаҳои маорифпарваронаи ў то андозае дар зери таъсири инқилоби соли 1905-и  Россия инкишоф меёфт. Вале дар Бухоро, дар ин вақт, якчанд мактаби усули нав кушода мешаванд, ки дар шуури маънавии мардум таҳаввулоти тозаро ворид менамоянд.

С. Айнӣ ва Абдулвоҳиди Мунзим мактабҳои тоҷикиро ифтитоҳ намуда, китобҳои дарсӣ менависанд. Мактаби ҷадид кушодан он замон мисли «ҷон ба каф гирифта ба майдон баромадан» буд. Яке аз сабабҳои баъдан Айниро 75 чўб задан гуноҳи мактаби ҷадид кушодан, барои кўдаконро савод омўхтан буд. Аз соли 1905 то соли 1917 фаъолияти Айнӣ дар ташкилу роҳандозии мактабҳои усули нав идома ёфт.

Ў дастуру китобҳои нав ҳам менависад. Ҳарчанд ин китобҳо зиёне ба ҷомеа надоштанд, ўро ҳамчун мулло, ки гўё ба паҳн кардани ақидаҳои кофирӣ машғул аст, таҳдид мекарданд.

Дар ин давра Айнию Мунзим барои ислоҳот дар мактабу мадраса ҷамъияти махфие бо номи «Таълими атфол» ташкил намуданд. Дар моҳи марти соли 1912 аввалин шумораи нашрияи тоҷикии «Бухорои Шариф»-ро нашр мекунанд.  Мутаассифона, он аз аввали соли 1913 баста мешавад. Ҳамон вақт фармоне интишор мешавад, ки шахсони рўзномахон ба зиндон андохта шуда, ҷазои сахт дода шаванд. Дар баробари чандин касон Айнӣ ҳам аз таъқиби ҳукуматдорон ҳаросида, Бухороро тарк намуд ва ба яке аз заводҳои пахтатозакунӣ ба кор даромад. Дар ин вақт теъдоди ҷадидон афзуд.

Соли 1917 Инқилоби дуюми Россия ба амал омад. Баъзе ҷавонбухориён дар зери таъсири ақидаҳои ҷадидия монда, бо номи «Ҳуррият» як намоише бар зидди аморат ташкил карданд. Намоиш пароканда карда шуд. Баъзе намоишчиён дастгир гардиданд. Гарчанде Айнӣ дар он  бевосита иштирок надошт, бо амри қушбегӣ ба ў 75 зарбаи чўб ҳукм эълон карда шуд. Айнии маҷрўҳу беёдро ба канахона ном бинои мурдаҳо партофтанд. Рўзи дигар ҷасади нимҷони ўро аскарони рус пайдо намуда, ба шифохонаи Когон оварданд. Духтурони рус тўли ду моҳ тахтапушти ўро борҳо ҷарроҳӣ намуда, устухонпораҳоро берун оварданд. Баъди шифо ёфтан нафрати шоир нисбат ба  ҳукуматдорони Бухоро боз ҳам зиёд гардид ва ин нафрат дар қиссаи «Ҷаллодони Бухоро» (соли 1919) шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Бухоро», «Марсия» ва ғайра баён карда шудаанд.

7 ноябри соли 1917 Инқилоби Октябр ғалаба кард. Соли 1920 амири Бухоро  сарнагун шуд. Айнӣ пайваста осори илмию адабиро чоп мекард. То Инқилоби халқии Бухоро Садриддин Айнӣ шоир буд. Ҳатто дар Самарқанду Хуҷанд бо шеърҳояш шуҳрат дошт. Баъди инқилоб ба наср гузашт. Ҳарчанд қадамҳои нахустинаш дар наср соли 1909 ҳангоми китоби дарсии хрестоматияи «Таҳзиб-ус-сибён» ибтидо гирифта буд.

Ҳарчанд адолати деринтизор падид гардид, аммо муборизаҳои шадид Айниро думболагир буд. Акнун тамоми иcтeъдoди С. Айнӣ ба мавҷудияти халқи тоҷик нигаронида шуда буд.

Муборизаи беамон бо пантуркистҳо саҳифаи бузургест дар ҳаёти ин фарзанди содиқи миллат. Ягона касе, ки бо пантуркистҳо то охир  мубориза бурд, ҳамин Айнӣ буд.

Солҳои 20-уми асри ХХ пантуркизм қувват гирифта, мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекард.

Ҳуҷум болои рўшанфикрони тоҷик оғоз шуд. Халқе, ки дар ҳазор сол нест нашуд, маҳви онро мехостанд.

Дар асри бистум, дар асри пантуркизм мақсад дигар шуд. Онҳо хостанд, ки ҷисман миллатро кушанд. Соли 1920 забони тоҷикиро аз мактабу маориф, матбуот, ҷамъомадҳо дар ҳазор соли охир якумин бор манъ намуданд. Яъне турктозии сохта болои миллат cap шуд.

Дар ин вақт исбот кардан лозим шуд, ки ин қавмият садсолаҳо вуҷуд дошт. Чандин касон дар ин роҳ хизмат намуданд, садо баланд карданд, асар навиштанд, доду фарёд низ заданд. Муҳимтарин натиҷа бо кўшишҳои С. Айнӣ роҳандозӣ шуд. С. Айнӣ бо иншои «Намунаи адабиёти тоҷик» собит сохт, ки забони тоҷикӣ ва адабиёти он решаи амиқ доранд.

Дар ҳамон шабу рўзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт, «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Москва  нашр гардид. Яъне ҳатто душманони халқи тоҷик дар ҳамон солҳо, ки Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон дохил мешуд, нахостанд, ки ин шоҳасар дар Бухоро ё Самарқанд ва ё Тошканд чоп шавад. Бо пуштибонии устод А. Лоҳутӣ ин шоҳасар дар Москва чоп шуд.

Ҳудуди тадқиқоти С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» адибони ҳозираи Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт. Айнӣ нишон дод, ки дар Мовароуннаҳр чӣ қадар адибон буданд, ки забону миллаташон тоҷик буд. Ибтидои китоб аз Рудакӣ оғоз ёфта, то Пайрав Сулаймонии ҷавон намунаи 215 нафар суханвареро, ки танҳо дар Мовароуннаҳр зиставу эҷод кардаанд, дар бар мегирифт.

Мирзораҳмат Давлатов,

омўзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш