Китобдорӣ касби пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдўст ин пешаро интихоб мекунанд. Китоб барои мо дўсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати мувофиқ ва ниҳоят сарвати бебаҳост.
Бояд таъкид намуд, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” аз 1 августи соли 2003 қабул гардидааст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷў, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ танзим менамояд.
Қабули қонуни мазкур собитгари он аст, ки давлат нисбат ба фаъолияти китобдорӣ, ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби Сарвари давлат ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Бинобар ин, дар партави ташаббусҳои созанда ва супоришҳои Пешвои миллат моро низ зарур аст, ки ба мутолиаи ҳар чи бештари китоб таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, чунки маҳз тавассути китоб мо метавонем ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумиамон, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, сарфаҳм равем.
Ин буд, ки Сарвари давлат ба ҳар хонадони шарифи тоҷик китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ ба нашр расонида, ҳадя менамоянд, ки ҳоло ин иқдоми шоиста амалӣ гашта истодааст.
Ин шарафи ҳар як хонадони тоҷик аст, ки метавонанд аз таърихи ачдодони худ беҳтару хубтар бохабар бошанд.
Илоҳиҷон НАСРИДДИНОВ,
корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр