Нашрияи Омӯзгор

Аз Пўлодӣ то Ғаффорӣ

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 843        Шарҳ: 0

 

Аз солҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омода намудани омўзгорони касбии соҳибмаълумот таъсис додани макотиби олӣ диққати аввалиндараҷа дода мешуд. Зеро пешрафти ҳама соҳаҳои кишвар аз дараҷаи донишу маҳорат ва малакаи касбии аҳли зиёи кишвар вобастагӣ дорад.

Ҳамаи инро ба инобат гирифта, дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС, 18-уми июли соли 1931 дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт ва адабиёту забоншиносии факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна нахустин мактаби олии ҶШС Тоҷикистонро бо номи “Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик” таъсис дод. Кушода шудани аввалин донишкадаи олии омўзгорӣ воқеаи барҷастае буд дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҶШС Тоҷикистон. Ба туфайли диққату ғамхории зиёди Ҳукумати кишвар, ба душвориҳои зиёди он солҳо нигоҳ накарда, донишкада дар муддати кўтоҳ рў ба тараққӣ овард. Тазаккур бояд дод, ки бо чунин мақсад ибтидои солҳои 30-юм, бо қарори КМ ҲК(б) Иттиҳоди Шўравӣ сиёсати ғайримутамарказгардонии макотиби олиро пеш гирифт. Тибқи ин амал, тамоми низоми макотиби олии мамлакат бо усули тақсимоти соҳавӣ аз нав сохта шуд.

Дар тўли фаъолияти худ муассисаи мазкур чандин бор тағйири ном кардааст. Бори нахуст, мутобиқи қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 марти соли 1939 ба он номи сардафтари адабиёти Украина Т.Г. Шевченко гузошта шуда буд. Дар асоси қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1991, №316 номи институт тағйир ёфта, он ба номи олиму омўзгори шинохтаи тоҷик - Қандил Ҷўраев гузошта шуд. Соли 1992 ному мақоми муассиса аз Институти давлатии омўзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷўраев ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷўраев ва соли 1997 ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷўраев табдил ёфт. Бори охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №192 ба номи донишгоҳ боз тағйирот ворид шуда, он номи «Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»-ро гирифт.

Аз замони таъсисёбии муассисаи мазкур то ба кунун шахсиятҳои маъруф, ба монанди Абдуҳамид Пўлодӣ, Тоҳир Кенҷаев, Маҳмуд Атоев, Абдукарим Ҳақбердиев, Евсеев Павел Георгевич, Ҳошим Содиқов, Ориф Шукуров, Мақсудҷон Мирмуллоев, Ҳотам Солеҳбоев, Қандил Ҷўраев, Мунзифа Ғаффорова, Эргаш Ямоқов, Қурбон Расулов, Худойназар Асозода, Нуриддин Саид, Зариф Шарифов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Носирҷон Салимӣ роҳбарӣ намудаанд. Айни ҳол, сарварии муассисаи мазкурро доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода бар уҳда дорад.

Нахустин ректори донишгоҳ Абдуҳамид Пўлодӣ буд. 3–юми сентябри соли 1931 КМ ҲК(б) - и Тоҷикистон Абдуҳамиди 22-соларо директори Донишкадаи олии агропедагогии Тоҷикистон, ки дар заминаи омўзишгоҳи педагогӣ таъсис ёфта буд, таъйин кард. Абдуҳамид Пўлодӣ яке аз шахсони пешқадами давраи худ буд ва ба уҳдаи ў ташкил кардани аввалин мактаби олии Шўравӣ дар Тоҷикистон гузошта шуда буд.

Моҳи феврали соли 1932 КМ ҲК(б)-и Тоҷикистон А. Пўлодиро ба ташкилотчии ҳизбии райони Заҳматобод (ҳозира ноҳияи Айнӣ) ба сифати котиби ҳизбии ноҳия фиристод. 27-уми октябри соли 1934 А.Пўлодӣ аз нав директори Донишкадаи педагогии Сталинобод таъйин гардид ва дар ин вазифа то 3 апрели соли 1935 кор кард.

Вай бо ифтихорномаи фахрии КМ ҲК (б)-и Ўзбекистон, Шўрои Олии ҷумҳурӣ (с. 1967), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» (с. 1970), медали «Иштирокчии панҷсолаи 9-ум» (с. 1976) мукофотонида шудааст. Бо Укази Шўрои Олии ҶШС Ўзбекистон аз 9 сентябри соли 1977 ба ў унвони «Ходими шоистаи маданияти Ўзбекистон» дода шудааст.

Бинои якуми донишгоҳ  дар пушти кинотеатри ба номи А. Ҷомӣ воқеъ буд.

Абдуҳамид Пўлодӣ соли 1981 дар ҷашни нимасра (50-солагӣ)-и Институти омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) иштирок карда, бо омўзгорон ва донишҷўён вохўрӣ анҷом дода, аз хотироти худ оид ба фаъолияти донишкада дар солҳои 30-юм маълумоти муфассал дод.

Соли 1935 роҳбарии донишкадаро марди маорифпарвару бунёдкор Абдукарим Ҳақбердиев ба зимма дошт. Дар ин давра бинои Донишкадаи омўзгорӣ якошёна буд. Абдукарими ҷавон бо кўшишу ғайрати ба худ хос ба ташкили сохтмони бинои якум ва марказии донишкада оғоз мекунад. Вай аз Ленинград меъмор оварда, аз рўи лоиҳаи он ба сохтани бино шурўъ мекунад. Аз Тирмиз ва Қаршӣ бо ароба ва шутурҳо хишт оварданд. Аз дарёчаи Душанбе peг ва санг кашониданд. Ҳамаи корҳо дастӣ иҷро карда мешуд. Бисёр омўзгороне, ки аз дигар шаҳрҳо даъват шуда буданд, ба шароити вазнини зиндагӣ тоқат наоварда, баргашта рафтанд. Донишҷўён ва омўзгорон бо ароба санг оварда, роҳгузар сохтанд. Ҳақбердиев ба Самарқанд, Тошканд ва Бухоро рафта, аз ин шаҳрҳо 12 нафар омўзгор (Лутфулло Бузургзода, X. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, А. Баҳоваддинов, Муродзода, Ҳодизода, Икром Ҳоҷиев)-ро ба донишкада овард. Ин омўзгорон бо Абдукарим Ҳақбердиев ба қишлоқҳои дурдаст, ба Помир сафар карда, ҷавононро, махсусан, духтаронро ба хондан ба Донишкадаи омўзгорӣ даъват мекунанд. Донишҷўён бо хобгоҳ ва стипендия дар ҳаҷми 8 сўм (барои аълохонҳо 12 сўм) таъмин карда мешуданд.

Аз Тирмиз ва Қаршӣ Ҳақбердиев бо ароба мизу курсӣ, доска, дафтар, китобҳои дарсӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ, глобус, хўрокворӣ ва дигар ашёи зарурӣ мекашонад. Хобгоҳи донишҷўён, хобгоҳи омўзгорон, синфхонаҳо, ошхона ва китобхона ҳамаи инҳо дар бинои якум ҷойгир буданд.

Бисёр ходимони фарҳанг, роҳбарони ҳизбию шўроӣ ба пешрафти донишкада ёрӣ мерасониданд. С. Айнй, А. Лоҳутӣ, Н. Муҳаммадов, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсумов, А. Алиев, Манофзода, Исмоилзода, Б. Ғ. Ғафуров ва амсоли инҳо дар рушду камоли нахустдонишкадаи ҷумҳурӣ хизматҳои шоиста кардаанд.

Дар донишкада омўзгорони варзида дарс мегуфтанд. Котиби аввали ҲК Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров низ чанд сол дар ин даргоҳи илму маърифат ба касби пуршарафи омўзгорӣ машғул буд. Аввалин комбайнронзан пахтачин низ омўзгори ҳамин даргоҳ буд. Ў Мамлакат Наҳангова мебошад. Хатмкардагони ин даргоҳ дар тўли 90 сол натанҳо пешаи омўзгорӣ, балки дар вазифаҳои мухталифи ҷамъиятиву ҳизбӣ ва давлатӣ адои хизмат намудаанд ва намуда истодаанд. Шоирону нависандагони маъруфи кишвар – Лоиқ Шералӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Боқӣ Раҳимзода, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ,  Қутбӣ Киром, Ўрун Кўҳзод, Абдулҳамид Самадов, Бобо Насриддин ва Абдусалом Атобоев дастпарварони Донишкадаи омўзгории Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) мебошанд. Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Неъмат Қарабоев ва чемпиони ҷаҳон оид ба камонкашӣ – Зебуниссо Рустамова дастпарварони ин даргоҳ мебошанд.

Солҳои 2005-2008 роҳбарии донишгоҳро адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Асозода Худойназар бар уҳда дошт. Дар даврони роҳбарии ў бинои нави таълимии факултаҳои таъриху филологияи тоҷик бо супориши Сарвари кишвар аз ҳисоби маблағҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19-уми марти соли 2007 ба истифода дода шуд. Солҳои 2012-2014 роҳбарии донишгоҳро ходими давлатӣ, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба уҳда дошт. Дар даврони роҳбарии ў биноҳои нави факултаҳои технология ва соҳибкорӣ, забони англисӣ ва забонҳои романӣ-германӣ бо иштироки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд.

Алъон, роҳбарии ин нахустдаргоҳи илму таълими кишварро доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ба зимма дорад. Дар умум, аз Абдуҳамид Пўлодӣ то Нуъмонҷон Ғаффорӣ 19 ректор донишгоҳро роҳбарӣ намудаанд. Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода роҳбари ҳалиму меҳрубон буда, ҳамеша ба омўзгорону донишҷўён кумакҳои моддиву маънавӣ мерасонад.  Маҳз дар даврони роҳбарии устод 90-солагии ин даргоҳи илму маърифат ҷашн гирифта мешавад. Бинои нави таълимӣ низ ба ҳамин муносибат бунёд шуда истодааст. Ғаффорӣ  Нуъмонҷон Усмонзода, ки худ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад, ба нашрия ва сомонаи донишгоҳ диққати махсус медиҳад. Дар ҳамин давра нашрияи “Омўзгори ҷавон”-и донишгоҳ бо сифати баланд ва теъдоди зиёд рўи чоп омад. Ба сомонаи донишгоҳ низ мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, раванди таъсиси сомонаи нави донишгоҳ таҳти назари ректори донишгоҳ идома дорад.

Сохтори имрўзаи раёсати донишгоҳ аз қисмҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва дигар зерсохторҳо иборат мебошад. Донишгоҳ дорои 15 факулта буда, барои донишҷўёни ноҳияҳои дурдасти кишвар 5 хобгоҳ, аз ҷумла, 3 хобгоҳ барои донишҷўдухтарон ва 2 хобгоҳ барои донишҷўписарон бо шароитҳои мусоиди зист таъмин  карда шудааст.

Абдулхайр Абдураҳмонов,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, хабарнигори нашрияи “Омўзгори ҷавон”-и ДДОТ ба номи С.Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш