Нашрияи Омӯзгор

Дастгирии омўзгорону хонандагон

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Ба иттилои раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи илм ва маорифи ноҳияи Вахш Азизулло Негматуллозода, соли ҷорӣ 77 нафар омўзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба истироҳатгоҳҳои «Ҳавотоғ», «Хоҷа Обигарм», «Нигора» фиристонида шуданд. Инчунин, 17 нафар хонандаи фаъол ва фарзандони омўзгорон дар  таътили тобистона ба истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» ҷалб гардиданд. 20 нафар фарзанди сокинони деҳаи «Иттифоқ», ки аз офати табиӣ зарар дида буданд (хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 10, 13) барои истироҳат ба лагери истироҳатии беруназшаҳрии «Офтобак»-и шаҳри Норак сафарбар шуданд.

Ба 12 нафар омўзгоре, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буданд, аз ҷониби иттифоқи касабаи ноҳия кумакпулӣ расонида шуд. Ҳамчунин, 12 нафар омўзгори ноҳия аз бонкҳо ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд.

Аъзам Бобоев, рўзноманигор  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш