Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба омўзиши география ва асосҳои иқтисодиёт

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Тавре маълум аст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ҳамзамон, Сарвари давлат баҳри рушди илмҳои бунёдӣ солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд, ки ин барои фаъолияти бовусъати омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи мо, омўзгорони география, дар шаҳри Конибодом баробари ҳамаи ин комёбиҳои сол камбудиву проблемаҳо низ бисёранд. Мо зарур донистем, ки таклифу  пешниҳодҳои худро ба нашрияи «Омўзгор» ирсол кунем. Аз ҷумла, хуб мебуд, ки миқдори соатҳои дарсии география дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шаванд. Омўзиши ин фанни шавқоварро агар аз синфи 5 оғоз кунем, нуран алонур мешавад. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм васоити аёнии нави замонавӣ ба мактабҳо фиристода шавад, сифати таълим беҳтар хоҳад гашт. Дарвоқеъ, баҳри омўзиши  фанни асосҳои иқтисодиёт то ҳол ягон нусха аёният ба мо дастрас нашудааст.

Дар бораи барномаи таълимӣ,  ки хеле куҳна шудааст, ҳоҷати гап ҳам нест.

Бо эҳтиром омўзгорони география

аз шаҳри Конибодом

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш