Нашрияи Омӯзгор

Аз рўйи адолат бояд амал намуд

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст. Аз ин рў,  омўзгорони фанҳои дақиқ бештар дастгирӣ ва шароити кору зиндагиашонро бояд беҳтар кард.

Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» як қатор имтиёзҳо барои омўзгорони ҷавон пешбинӣ гардидааст. Мутаассифона, на ҳама вақт имтиёзҳо амалӣ мешаванд.

Мувофиқи моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» ба омўзгорони ҷавони деҳот қарзҳои бефоиз ва замини наздиҳавлигӣ  дода шавад. Бобомалик Раҷабзода омўзгори химияи мактаби №11-и ноҳияи Мастчоҳ, изҳор намуд, ки соли сеюм аст, ки ҳамчун омўзгори ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба шуъбаи маориф муроҷиат кардааст. 

- Ҳуҷҷатҳои заруриро омода кардам, чандин фурсат гузашт. Шуъбаи маориф гунаҳкор «Амонатбонк»-ро медонад. «Амонатбонк» бошад, айбро ба гардани шуъбаи маориф мегузорад. Хулоса, ман ва чанд тан аз омўзгорони ҷавоне, ки барои гирифтани қарз ба шуъбаи маориф муроҷиат карда будем, аз баҳраш баромадем.

 Дар байни мардум овоза паҳн шудааст, ки ба наздикӣ замини наздиҳавлигӣ тақсим мекунанд. Ман низ ҳамчун омўзгори ҷавон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷатҳоямро омода карда, ба ҷамоати Оббурдон пешниҳод кардам. Ҳуҷҷатҳоямро раиси ҷамоат қабул кард ва ба ман санад дод. Санадро заминсози ҷамоат пур кардан намехоҳад. Ҳоло он ки, ў дар пеши чашми ман санади як нафар омўзгори ҷавони дигарро бе ҳеҷ гуна гап пур кард, - мегўяд мусоҳибам.

Хулоса, бояд кормандони ҷамоат аз рўйи мизони адолат амал кунанду ба ҳама бо як чашм нигаранд. Вагарна бо чунин корҳои ношоиста рўҳияи ҷавононро аз кору вазифа дилхунук мекунанд.

 

Раҷаб Маликзода,

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон,

ноҳияи Мастчоҳ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш