Тайи солҳои зиёдест, ки омӯзгори мактаби №45-и ноҳияи Рӯдакӣ Насими Замон (Наҷмиддинов) ба шеъргӯӣ машғул гардида, дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас муваффақ гардидааст. То ин дам маҷмӯаҳои шеърии ӯ «Ашки ситора» (с.2000), «Гули ёс» (2012) ва «Атри шеър» (с.2013) ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нави омӯзгор ва шоири хушсухан ба номи «Гули армон» аз тариқи нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Пешгуфтори китоб ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар тааллуқ дорад.
Воқеан, мавзӯъҳои бештари шеърҳои Насими Замонро тарғиби ваҳдат, сулҳу оромӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил медиҳад.
Ш.Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр