Нашрияи Омӯзгор

Чаро омўзгорон аз имтиёзҳо бархўрдор нестанд?

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор гирифтааст, бо имтиёзот таъмин намудани омўзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон мебошад. Бояд қайд кард, ки бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии омўзгорону  устодон, аз ҷумла, мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти педагогӣ ҳанўз 3 майи соли 2006, № 197 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқарар намудани имтиёзҳо ба  омўзгорони ҷавон» қабул гардида буд. Ҳамзамон, бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бо мутахассисони варзида, баланд бардоштани мақоми омўзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии омўзгорони ҷавон 2 июли соли 2015 №433 қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омўзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд», ба як воҳиди корӣ дар се соли аввали фаъолият иловапулӣ ба андозаи 10 фоиз пардохт карда мешавад. Тавре сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ Бадриддин Музаффарзода изҳор дошт, дар муддати 14 сол (солҳои 2007-2020) дар кишвар, дар  умум, 2544 нафар омўзгор бо қарзҳои имтиёзнок (5000 – 6000 сомонӣ) ба маблағи 14 млн. 738 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд.

Тибқи қарори мазкур ба омўзгорони ҷавон, ҳамчунин, замини наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзнок, заминҳои  полезкорӣ ҷудо карда, дода мешавад. Мутаассифона, таъмини имтиёзҳо ба омўзгорон, алалхусус, мутахассисони ҷавон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва вилоятҳо солҳои охир ба ҳоли худ гузошта шуда, нақшаи пешбинишуда иҷро нагардида мондааст. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ дар умум, ба 46 нафар замини наздиҳавлигӣ, 5 нафар замини полезкорӣ ва 317 нафар қарзи имтиёзнок дода шудаасту халос. Аз маълумоти раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илм, ки дар асоси пешниҳоди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастрас гардидааст, маълум мешавад, ки дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар муддати як сол ягон нафар омўзгор бо замини наздиҳавлигӣ ва полезкорӣ таъмин нагардидааст. Танҳо ба 58 нафар омўзгор қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар вилояти Хатлон бошад, ба 10 нафар, (2 нафар дар шаҳри  Кўлоб, 4 нафар дар ноҳияҳои Восеъ ва 4 нафар дар Шамсиддин Шоҳин) замини наздиҳавлигӣ тақсим кардаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Кўшониён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дўстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, А.Ҷомӣ, Ёвон, Н.Хусрав, Левакант, Норак дар давоми соли 2020 ягон нафар омўзгор (мутахассиси ҷавон) бо замини наздиҳавлигӣ таъмин нагардидаанд. Ҳамин тариқ, танҳо ба 2 нафар замини полезкорӣ ва 124 нафар қарзи имтиёзнок ҷудо гардидааст. Дар қаламрави Суғд ҳамагӣ 6 нафар омўзгор соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардидаанду халос. (Дар навоҳии Ашт ва Шаҳристон). Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бўстон, Истиқлол, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Кўҳистони Мастчоҳ омўзгорон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин нагардидаанд. Ҳамзамон, ба 73 нафар қарзи имтиёзнок дода шудаасту халос. Бо замини полизкорӣ низ ҳеҷ омўзгор таъмин нашудааст. Вазъият дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо тафовут аз дигар вилоятҳо каме беҳтар бошад ҳам, бо вуҷуди ин лоиқи  ситоиш нест.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 30 нафар омўзгор замини наздиҳавлигӣ,  3 нафар замини полезкорӣ ва 62 нафар қарзи имтиёзнок дода шудааст. Аз ҷумла,  дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Рўдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба омўзгорон на замини наздиҳавлигӣ, на замини полезкорӣ ва на қарзи имтиёзнок ҷудо карда нашудааст. Танҳо дар шаҳру навоҳии Роғун 15 нафар, Нуробод 3 нафар ва Сангвор 12 нафар бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Дар  чаҳор ноҳияи пойтахт бошад, омўзгорон бо ҳеҷ як имтиёзи дар қарори маълуми Ҳукумати ҶТ пешбинигардида  дар соли 2020 таъмин нагардидаанд.

Дар умум, вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» аз 3 майи соли 2006, №197 дар ҷумҳурӣ ташвишовар буда, маълум нест, ки соли ҷорӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ мутаххасисони ҷавонро бо имтиёзоти пешбинишуда таъмин намудаанд ё не?!

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш