Нашрияи Омӯзгор

Садо аз ду даст

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Ҳамкории оила бо муассисаи таълимӣ асоси муваффақият дар раванди таълиму тарбия ба шумор меравад. Фарзанд бояд дар оилаи солим ба воя расида, меъёрҳои ахлоқиро омўзад. Падару модарон набояд дар тарбияи фарзанди худ фориғболӣ кунанд. Ҳамкорӣ ва робитаи оиларо бо муассисаи таълимӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва роҳбари синф таъмин менамояд. Мутаассифона, имрўз волидайн ба ин масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд, дар раванди тарбия хеле камфаъолиятанд. Хонандагони синфҳои 7-9 аз лиҳози рўҳиву равонӣ ниёз ба тарбияи дуруст доранд. Маҷлисҳои падару модарон бояд бештар дар синфҳои 5-9 гузаронида шавад, зеро мушкилоти асосии тарбиявӣ, махсусан, аломатҳои гузариши синнусолӣ дар ҳамин давра дида мешавад. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, равоншиноси муассиса ҳадди аққал ҳафтае бояд як маротиба бо ҷалби волидайн як маҷлис гузаронанд. Чуноне медонем, на ҳамаи падару модарон соҳибмаълумот буда, сатҳи маърифатнокии баланд доранд, бинобар ин, бо ин гуна волидайн бояд семинарҳои омўзишӣ аз рўи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронид. Робитаи қавии волидайнро бо муассисаи таълимӣ муҳайё сохтан дар баланд гардидани тарбияи ахлоқии хонандагон нақши босазо мегузорад.

Робитаи омўзгорону устодони мактаби №7 бо падару модарон рўз ба рўз мустаҳкам гардида, дар ин самт тибқи нақша- чорабиниҳои тарбиявӣ бо волидайн ҳар гуна вохўриҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Соли таҳсили сипаригардида 4 вохўрии падару модарон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тиб, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Ин вохўриҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки ба манфиати кор хоҳад буд. Ғайр аз ин, суҳбатҳои алоҳида низ бо волидайн доир гардид, ки ба рафтори хонандагони душвортарбия таъсири мусбат гузошт. Вале ҳастанд падару модароне, ки таълиму тарбияи фарзандро кори дуюмдараҷа меҳисобанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки ин иқдом дар пешрафти кори таълиму тарбия нақши сазовор хоҳад гузошт. Маҳз китобу китобхонӣ маърифати шахсро боло мебарад ва ба тарбияи ахлоқиву маънавии ў таъсири мусбат  мерасонад. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ бояд дар самти ҳамкорӣ бо падару модарон, тибқи нақша-чорабиниҳои тарбиявӣ аз тамоми шароиту имконот истифода намояд ва бо ин роҳ сифати таълиму тарбияро беҳтар гардонад.        

Мақсуда

Ярмухамедова,

мураббияи ширхоргоҳ-кўдакистони №78-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш