Нашрияи Омӯзгор

Минтақаи Кўлоб: таъмин бо либоси мактабӣ дар чӣ вазъ аст?

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

 

Иҷрои нақшаи таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаву коргоҳҳои дўзандагии ватанӣ ва маҳаллӣ дар вилояти Хатлон 49 % (191286 ҷуфт) ва дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб 73,2% (117 239 ҷуфт) –ро ташкил дод. Бо мақсади иҷрои нақшаи таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаву коргоҳҳои дўзандагии ватанӣ ва маҳаллӣ,  раёсати  маорифи шаҳри Кўлоб тибқи фармоиши вазири маориф ва илм аз ҳисоби директорони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони масъули раёсати маориф комиссияи махсус таъсис дода, рўйхати хонандагон, андозаи либоси мактабӣ, маводи хониш, шартномаи тарафайн ва ғайраҳоро омода кардааст. Айни ҳол теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба 50 ҳазору 200 нафар мерасад. Соли равон шартномаи ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ҶДДМ «Кооператор» барои 25 ҳазору 100 ҷуфт сару либоси ягонаи мактабӣ ба имзо расидааст. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки то ин дам 12550 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ ба маблағи 530 000 сомонӣ пешпардохт шудааст, ки 50%-и  нақшаи таъминоти либоси мактабиро ташкил мекунад, ки нисбат ба  соли гузашта 18,6% кам мебошад. Бояд гуфт, ки 2 сол пеш дар  шаҳр, корхонаву сехҳои дўзандагӣ (ҶДДМ «Мунаввар-М», «Пойафзоли Кўлоб», ҶДДМ «Зархам», «Абдураҳмонова Миҷгона») фаъолияти густурда доштанд, ки қисми зиёди либосҳои мактабии духтаронаро бо сифати баланд ва нархҳои дастраси сокинон тайёр мекарданд. Имрўз, мутаассифона, ин корхонаҳои дўзандагӣ аз фаъолият бозмондаанд. Аз ин рў, як худи корхонаҳои истеҳсолии ҶДДМ «Кооператор»  қудрати таъмини либосҳои ягонаи мактабии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро надорад. Дар суҳбат  корманди раёсати маорифи шаҳр, мутасаддӣ оид ба таъмин ва назорати  либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр Абдуқодир Раҳимов дар хусуси бастани шартномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ва назорати иҷрои он чунин иброз дошт:

 - Солҳои қаблӣ сару либосҳои мактабӣ ба шаҳри Кўлоб тавассути соҳибкорону тоҷирон аз давлатҳои ҳамсоя ворид мешуданд. Тибқи нақшаи раёсати маорифи шаҳр аз теъдоди умумии шумораи 25100 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр то ин дам 12550 нафар хонанда бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.

Дар ноҳияи Темурмалик тибқи нақша  дар соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии ноҳия барои 27958 ҷуфт либоси мактабӣ бо корхонаҳои дўзандагӣ шартнома бастаанд. Бо ин мақсад роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи падару модарони хонандагони мактабҳо бо корхонаи дўзандагии «Гулдастон»-и Ҷамоати шаҳраки Баҳманрўд барои 5958 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ ва бо ширкати истеҳсолии «Бозор»-и Ҷамоати деҳоти Кангурт барои 12742 ҷуфт либос шартномаи тарафайн бастанд. Тавре ки дар суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Қ. Асомуродзода  иброз намуд: Либосҳои мактабие, ки аз тарафи корхонаҳои мазкур тибқи шартномаи байни муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони  корхонаҳои дўзандагӣ сурат гирифтааст, ба талабот ҷавобгўянд, дўхти шинаму зебо дошта, бо дизайни замонавӣ тайёр карда шудаанд. Айни ҳол корхонаҳои мазкур 18700 ҷуфт либоси мактабиро бо маблағи 556 340 сомонӣ дастраси хонандагон гардониданд, ки 85%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.  

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Н. Ғоибзода иброз дошт, ки  соли равон барои 16150 нафар хонанда бо корхонаи дўзандагии «Мунира» барои 7525 нафар, бо литсейи касбӣ-техникии ноҳия барои 7043 нафар, маркази омўзишии истеҳсолии мактаби №2 барои 1240 нафар ва бо корхонаи дўзандагии «Равонбахш»-и ноҳия барои 500 нафар шартномаи дўхти либоси ягонаи мактабӣ баста шудааст. Бояд қайд намуд, ки  то имрўз аз тарафи корхонаи дўзандагии Мунира» барои 8214 (109%)  нафар, литсейи касбӣ-техникии ноҳия барои 5050 (72%) нафар, маркази омўзишии истеҳсолии мактаби №2» барои 1400 (113%) нафар ва корхонаи дўзандагии «Равонбахш»-и ноҳия барои 200 (40%) нафар хонанда либоси мактабӣ дўхта шудааст, ки ин 92%-и нақшаро дар бар мегирад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод 11250 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шуъбаи маорифи ноҳия барои 10313 ҷуфт либоси мактабӣ бо корхонаи дўзандагии «Чирадастон»-и ноҳия ва муассисаҳои таълимии ноҳия шартнома бастааст. Бояд қайд намуд, ки корхона то имрўз 47%-и нақшаи дўхти либосҳоро таъмин намудааст.

  Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муассисаҳои таълимии ноҳия ба 5500 нафар хонанда шартнома барои дўхти либоси мактабиро байни корхонаи дўзандагии «Шоҳон»-и ноҳия барои 500 ҷуфт, коргоҳи дўзандагии ҶДДМ «Кохи бонувон» барои 1500 ҷуфт ва корхонаи дўзандагии Агентии назди Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 3000 ҷуфт ба тасвиб расондаанд. То имрўз корхонаҳои дўзандагии ноҳия 4800 ҷуфт либоси ягонаи мактабиро тайёр намуданд, ки иҷрои нақшаро 87% таъмин кардаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 41516 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Шуъбаи маорифи ноҳия барои дўхти 20480 ҷуфт либоси мактабӣ шартномаро бо корхонаи дўзандагии ҶДДМ «Кайёнуш »-и ноҳия ва муассисаҳои таълимии ноҳия ба имзо расондааст. Бояд қайд намуд, ки корхона то имрўз 70%-и нақшаи дўхти либосҳоро таъмин намудааст. Дар ноҳияи Восеъ соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии ноҳия барои  дўхти 25508 ҷуфт либоси мактабӣ шартномаи хариду фўрушро байни корхонаҳои дўзандагии ҶДДМ «Алишер АСК» ва КД «Ҳулбук »-и ноҳия ба тасвиб расонидааст. Корхонаҳои мазкур аз иҷрои нақшаи худ бо сарбаландӣ баромада, то имрўз 114% нақшаи дўхти либосҳоро таъмин намудаанд, ки он 29024 ҷуфт либоси мактабиро ташкил мекунад. Дар ноҳияи Фархор муассисаҳои таълимии ноҳия барои 19311 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ бо корхонаҳои дўзандагии ҶДДМ «Сомон - К», КД «Моҳоллӣ», КД «Стадион» ва КД «Умар Сомонӣ»-и ноҳия шартнома бастааст. То имрўз корхонаҳои дўзандагии ноҳия 11027 ҷуфт либоси ягонаи мактабиро тайёр намудаанд, ки иҷрои нақшаро 57% ташкил медиҳад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»   

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш