Нашрияи Омӯзгор

Пешрафти коллеҷ дар замони истиқлол

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Истиқлоли давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол муқаддам ба он соҳиб гардида буд, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.

Он санади барқарорсозии адолати таърихӣ аст ва моро бисёр зарур аст. ки андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлол ба яке аз ғояҳои давлатдории миллат табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб намоем.

Чун сухан дар бораи ҷавонони даврони истиқлол  меравад, пеши назар тарбияи насли ҷавон ҷилвагар мегардад. Азбаски тарбия раванди мақсадноки ташаккулёбии шахсият буда, дар тарбияи инсон нақши асосӣ дорад, бинобар ин, ҳар як омўзгор мебояд риояи тавозуни таълиму тарбияро дар дарсҳо таъмин намояд ва аз шаклҳои асосии тарбия огоҳ бошад ва чун ҳамешагӣ аз Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намояд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта байни омўзгорону донишҷўёни  коллеҷи тиббии  шаҳри Ваҳдат озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  донишҷўи курси дуюми факултаи «Кори ҳамширагӣ» - Соҳиба Иззатова ғолиб омада, дар даври ҷумҳурӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Соли равон ду нафар донишҷўи курсҳои якум ва дуюми коллеҷи мазкур Муяссарахон Нуралиева ва Фотима Имомова гирандагони идрорпулии Президентӣ гардиданд.

Бахшида ба 50-солагии коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат аз тарафи омўзгори забон ва адабиёти тоҷик Хурсандой Бурунова китоб бо номи «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» оид ба таърихи таъсисёбии муассисаи таълимӣ таълиф ва чоп гардид.

Дар муассисаи таълимӣ  корҳои ободонию созандагӣ хуб ба роҳ монда шуда, саҳни коллеҷ бо дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг оро дода шудааст. Дармонгоҳи коллеҷ аз таъмир бароварда шуда, бо навиштаҷоту овезаҳои замонавӣ оро дода шудааст.

Бо назардошти Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаи таълимӣ аз соли таҳсили 2019-2020 аз рўйи низоми кредитӣ кору фаъолият намуда, барои супоридани санҷишу имтиҳонҳо Маркази тестӣ ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон, бунёди  бинои дуюми таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он маҷлисгоҳ, толори варзиш, синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ва ташхисхонаҳои замонавӣ ҷойгир гардида, барои омўзгорону донишҷўён оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия шароит муҳайё карда мешаванд.

Ҳамзамон, аз тарафи кафедраи фанҳои химия ва биология дар доираи татбиқи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф дар мавзўи «Тоҷикистон - ташаббускори масоили об дар ҷаҳон» конфронс гузаронида шуд, ки дар он роҳбари муассиса, омўзгорону донишҷўён маърўзаҳои илмӣ карданд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд.

 

Шаҳло Абдураҳимова,

муовини директор оид ба    

корҳои тарбиявии коллеҷи

тиббии шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш