Зимни суҳбат директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳомид Ҳошимзода вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои донишкада чунин гуфт:
-Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар як қатор муассисаҳои олии касбӣ таъсис дода шуда, фаъолияти хешро босамар пеш мебаранд, ки донишкадаи мо аз ҷумлаи онҳост.
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи “Тоҷикматлубот” аст, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 таъсис дода шудааст.
Бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” то оғози соли таҳсил дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба анҷом расонида мешавад.
Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаи алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Донишкада дорои 750 адад компютер, 33 адад тахтаҳои электронӣ, 103 проектор, 80 камераи назоратӣ мебошад.
Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингофонӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, толори фитнес, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонад. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои таълимии донишкада дар давраи сармо ба таври мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омўзгорон аз рўи мавзўи умумидонишкадавии «Рушди инноватсионӣ ва мустаҳкам намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараён дорад. Дар донишкада айни замон 23 нафар докторант аз рўи ихтисос (PhD) ва 55 нафар унвонҷў фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд. Дар назди кафедраҳо 14 маҳфили илмии донишҷўён амал менамояд, ки танҳо дар соли таҳсили 2020-2021 137 маърўзаи илмии устодон дар семинарҳои илмӣ-назариявӣ баррасӣ карда шуданд.
Соли 2021 7 нафар устоди донишкада рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Илова бар ин, 10 нафар омўзгор муҳокимаи пешакиро бомуваффақият гузашта, барои ҳимояи рисолаи худ дар шўроҳои диссертатсионӣ иҷозат гирифтанд.
Дар донишкада аз рўи 3 ихтисос гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Ҳоло дар 17 гурўҳе, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, риёзӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра) бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Донишкада бо омўзгорони ихтисосманд (иқтисоддон, ҳуқуқшинос, риёзидон ва ҷомеашинос), ки бо забони англисӣ дарс мегўянд, пурра таъмин мебошад. Аз ИМА, Аврупо низ мунтазам олимону профессорон ташриф оварда, бо донишҷўён машғулият мегузаронанд.
Дар донишкада ҳар як донишҷў имконият дорад, ки 3-4 забони хориҷиро дар сатҳи баланд азхуд намояд. Барои дар сатҳи баланд омўзонидани забонҳои хориҷӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар Маркази таълимии забонҳои хориҷӣ омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ташкил гардидааст.
Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳи Аврупо, Осиё ва ИДМ созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷўён метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.
Дар робита ба ин, донишкада аз рўи якчанд лоиҳа фаъолият дорад. Дар доираи амалишавии Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ - лоиҳаи самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ пурра бо мебел аз нав таҷҳизонида шуд, 4 синфхона пурра таъмир карда шуда, бо мебел, 42 адад компютер, 10 адад проектор ва 10 адад тахтаи электронӣ, таҷҳизоти бонкӣ барои озмоишгоҳи Бонки таълимӣ ҷиҳозонида шуда, инфрасохтори шабакаи бинои асосии донишкада ба пуррагӣ аз нав сохта шуд ва биноҳои таълимӣ бо Wi-Fi таъмин гардид.
Дар доираи амалӣ гардидани лоиҳаҳо дар донишкада 10 синфхона пурра таъмир гардида, 300 мизу курсӣ, 151 адад компютер, 20 проектор, 10 тахтаи электронӣ, 210 адад китоби дарсӣ харидорӣ ва толори видеоконфронс ташкил карда шуд.
Таҳияи Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр