Нашрияи Омӯзгор

Забондон – муаррифи миллат

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаҳони муосир омўзиши забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, ҷавонон ба ин восита метавонанд, муаррифи миллату кишвари худ дар сатҳи байналмиллалӣ бошанд. Хушбахтона, ин ҳақиқатро наврасону ҷавонони мо хуб дарк карданд, зеро тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи онҳо ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ хеле зиёд гардидааст.    

Пўшида нест, ки имрўз омўзиши забонҳои хориҷӣбарои ҳар як нафар бисёр муҳиму зарурист, зеро маҳз ба ин восита метавон бо фарҳангу таърихи мамлакатҳои дунё шинос шуда, дониши худро такмил дод. Ҳамчунин, омўзиши ин ё он забон калидест, ки моро ба олами дигар ворид месозад. Ногуфта намонад, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ ҳамаи шароит муҳайё шудааст ва танҳо донишомўзонро зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда, бо масъулияти баланд аз паи омўзиши илму дониш ва забонҳои хориҷӣбошанд.

 

Фаризаи Ризобек,

омўзгори мактаби №98-и

 ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш