Нашрияи Омӯзгор

Калиди дари пирўзӣ

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 1003        Шарҳ: 0

 

Бузургони маърифатпарвари мо бекорӣ, танбалӣ, беҳунарӣ, коҳилӣ, дур аз илму хирад монданро сахт мазаммату сарзаниш кардаанд. «Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро» («Қобуснома»). Ҷолиб он аст, ки дар талаби рўзии ҳалол ҷаҳд намудан ва касби маош кардан, илму ҳунар омўхтан вазифаи ҳар шахс ҳисобида шудааст. Мавлонои Балхӣ аз ҳикмати бузурги паёмбари ислом - «Илмро дар Чин бошад ҳам, талаб кунед. Талаби илм ба ҳар марди мусалмон ва ҳар зани мусалмон фарз аст» маънӣ бардошта гуфтааст:

Гар таваккул мекунӣ дар кор кун,

Касб кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Шайх Саъдии Шерозӣ таъкид месозад, ки беҳунар ҳар ҷо равад, намози дигар аст, яъне торик аст, ҳунарманд бошад асло хор намешавад. Шоир ақида дорад, ки соҳиби касбу ҳунар будани фарзандон хотири падарро ҷамъ месозад, вай аз ояндаи писараш ғам намехўрад, осуда мегардад.

Чу бар пешае бошадаш дастрас,

Куҷо дасти ҳоҷат барад пеши кас.

Пешавар назди касе сар хам намекунад, ризқаш ҳамеша боз аст. Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба хурду калон, наврасу навҷавон маълуманд. Аз ҷумла:

Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,

Чароғи дилфурўзӣ дар даҳ ангушт.

Ин маврид андешаеро лоиқи зикр медонем. Маълум аст, ки ҳам довталабони макотиби олии касбӣ, ҳам хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон эссе – иншо менависанд. Ростӣ, ҷиҳати матлуб ва хотирнишини эссе дар се-чор соли охир он аст, ки мавзўъҳои муҳим аз тарафи Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардидааст. Ҳамаи он мавзўъҳо муҳим ва аҳамиятнок буда, толибилми ҳақиқӣ ва шогирди лаёқатмандро ба андешида, қалам рондан водор менамоянд. Дар баробари мавзўъҳои муҳими ватандўстӣ, ватанпарварӣ, Артиши миллӣ, ҳифзи Ватан – Модар, пос доштани сулҳ, меҳри модар ва забони поки модарӣ, сулҳу субот ва осоиши Ватан навиштани эссе дар хусуси кору ҳунари инсонӣ аҳамияти хосе доранд. Дар рўйхати эссе, воқеан, зикр шудааст, ки мавзўъҳои «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд», «Мероси падар хоҳӣ – илми падар омўз», «Шараф аз меҳнат аст», «Касби дўстдоштаи ман», «Саодати инсон дар заҳмату кор аст», «Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ», «Табиати ҷонфизои диёри ман», «Мероси ниёгонро пос дорем», «Нест бе ранҷ роҳати дунё», «Тоҷикистон – манбаи оби тоза», «Сарчашмаи рушди иқтисоди кишвар» муҳим буда, фикру андешаи наврасону ҷавононро оид ба ҳунар, ҳунармандӣ, эҳёи ҳунарҳои ниёгон ва ривоҷи косибиву саноатӣ маҳаллӣ ифода карда метавонанд.

 

Бахтен АЗАМАТОВА,

омўзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш