Чашмандози ҳакимона ба ҳодисоти зиндагӣ боис шудаанд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ба панду ҳикмат рӯи оварад. Шоир таъкид мекунад, ки аз корҳои савоб зиндагии мо муназзам мегардад. Вақтро ғанимат бояд, донисту хуш бояд бигзаранд:
Ҷомӣ, мадор ранҷа дил аз фикри оқибат,
Ҳолӣ ба нақд хуш гузарон рӯзгори ишқ.
Хуршед дунёро нур мебахшад, рӯшноӣ мебахшад. Аз он ба тамоми мурдумони рӯи олам баҳраҳост. Нури он ба афшондан кам нагардад. Инсонҳо ҳам чунинанд. Қадри мо аз некӣ ба дигарон кам нагардад, зиёда гардад. «Ҳамчун парвона зи шамъи хонатобе сӯхтан» барои одамизода кам аст:
Дил ба хуршеди ҷаҳонтобе гарав кун, то ба кай
Ҳамчу парвона зи шамъи хонатобе сӯхтан.
Инсон бояд дасти бечораю бенавоён бигирад. Онҳоро навозиш кунад. Ин роҳу равиши мардони ҳақиқӣ аст. Дар соҳил ором будан нашояд. Аз дидгоҳи Ҷомӣ, одамизода аз ин дунё ғайри номи нек чизе бо худ нахоҳад бурд. Касе, ки хайрхоҳ ва роҳатрасони дигарон аст. Дар ин дунё мақому манзалат пайдо мекунад. Дар поёни кор ба меҳрубониву лутфи Парвардигор мушарраф мегардад:
Хоҳӣ, ки Худо дар ду ҷаҳон поси ту дорад,
Зинҳор, ту дар поси дили хастадилон кӯш.
Фазилатҳатҳои инсонӣ дар сухан намоён мегардад. Сухан бозгӯи ақлу хиради одамист. Эҳтиёткор бош, то бо сухани камарзиши худ халале бар равнақи корат накунӣ. Аз пургӯӣ ва пароканда сухан гуфтан дур бош. Худро аз он чӣ ки ҳастӣ, болотар магир. Мардуми оқилу доно зоҳирпарасту аҳли ҳунаррро ба хубӣ мешиносанд. Гавҳари обрӯро ба хоки сиёҳ яксон макун:
Чун ҳаст пояи воиз чу ҳиммати ӯ паст,
Аз он чӣ суд, ки созад баланд минбари хеш.
Хонаи дилро аз васвасаҳои шайтонӣ холӣ бояд кард. Вуҷуди худро ба воҳима ва хаёлҳои бебунёд маёмез. Ба касе ин молу мулки ҷаҳон ҷовидонӣ намонад, яъне чизеро ба он дунё нахоҳӣ бурд. Беҳтарин неъмат қаноат ва парҳезгорист. Агар ин роҳро пеш гирӣ, ғаму андӯҳ аз тани ту дур шуда, ҷои онро шодию фараҳ бигирад:
Арсаи ҷаҳон, Ҷомӣ, ғуссае намеарзад,
Баҳри буду нобудаш хешро чӣ ранҷонӣ?
Ашхоси ноаҳлу бемурувват бо заҳри сухан ва гуфтори аблаҳонаи худ захме ба ҷону ҷигар зананд. Дар ин камтарин фурсати ғанимат, ки мо дар рӯи замин меҳмонем, нармзабонию хушгуфториро ихтиёр бояд кард:
Макун, эй хоҷа, дуруштӣ, ки дар ин тира мағок,
То занӣ чашм ба ҳам, зери қадам суда шавӣ.
Худпарастон ашхоси нокасу фурӯмояанд, ки худро болотар аз дигарон ҷилва медиҳанд. Инсонҳои оқилу фарзона онҳоро ба хубӣ мешиносанд ва аз онҳо дурӣ меҷӯянд. Ҳамнишин набудан бо ин турфа мардум боиси растагорист:
Чунон аз худпарастон даҳшате дорам, ки гар бинам,
Зи як фарсангашон хоҳам ба сад фарсанг бигрезам.
Мирзосаид Муъминов,
омӯзгори мактаби №25-и шаҳри Хуҷанд,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр