Нашрияи Омӯзгор

Сармояи хирад ва маърифат

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Тарғиби аҳамияту моҳияти китоб, тавзеҳу баррасии он ва ба сўи ин қаламрави хирад ҳидоят намудани мардум амалест некуву пурсавоб. Китоб бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири зиндагӣ роҳнамои шумо бошад. Ҳар фарде, ки илм талаб кунад, оқилу хирадманд, ҳалиму меҳрубон мешавад ва ақлаш равшану амалаш пешрав мегардад, дар вуҷудаш меҳру вафо ва некиву накукорӣ падид меояд, ки ҳамаи ин арзишҳои фарҳангиву ахлоқиро бо сабру таҳаммул метавон ба даст овард.

Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомўзонад. Аз қадимулайём гузаштагонамон низ дар ҳалли ҳамагуна мушкилоти зиндагӣ ба китоб такя мекарданд. Зеро китоб инсонро дар олами ҳастӣ роҳ нишон дода, касро аз вартаи ҳама гуна нокомиҳо мераҳонад. Шахсе, ки пайваста ба  мутолиаи китоб мекўшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад.

Боиси таассуф аст, ки имрўзҳо на ҳамаи шахсон ба китоб рўй меоранд. Аз ҷумла, қисми бештари ҷавонон аз мутолиаи китоб дур мондаву рўй ба компютер ва телефонҳои мобилӣ оварданд. Ин хуб аст, ки техникаву технология тараққӣ кардаву диққати ҷавонон ба он равона шудааст. Аммо, ҳеҷ гоҳ ҷои китоби аслиро техникаву технология ва ё китобхонаҳои бузурги электронӣ гирифта наметавонад, зеро лаззати қироати китоби асл дигар аст ва он ба саломатии инсон ҳам зарар намеоварад. Агар китобҳои электронӣ нури чашмони моро кам гардонида, онро хаста намояд, китобҳои анъанавӣ, баръакс, нурбахши дидагон ва роҳатбахши равони мо мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ пешниҳод карданд, ки 4 сентябри соли 2007- рўзи китоб эълон шавад.Аз ҳамон лаҳза ин ҷониб 4 сентябрро мардуми тамаддунофару фарҳангдўсти тоҷик ҳамчун рўзи гиромидошти китоб бо тантана таҷлил менамоянд.

Бо иқдом ва сарпарастии  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ дар саросари кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фуруғи маърифат” ба роҳ монда шуд, ки бори дигар ба миллати китобхону китобдўсти тоҷик дари махзани илму маърифатро боз намуд. Воқеан, боиси хушнудист, ки дар муддати кўтоҳ чандин истеъдоди нодир аз ҳар манотиқи кишвар рўи саҳнаи илму маърифат омаданд ва бори дигар собит гашт, ки миллати тоҷик пайвастагӣ ба китобу ва китоб пайвастагӣ ба миллати тоҷик дорад.

Машҳуртарин мураббии мураббиёни олам, манбаи бузурги илм - китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омўзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад. Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайра озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рўдакӣ, Саъдӣ маҳз тавассути мутолиаи ин манбаъи бузург ба ҷое расидаанд. Шояд онҳо аз рўи мақоли бузург - «Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй»  амал карда бошанд.

Биёед, ҳар чӣ бештар рў ба китобхониву китобдорӣ меорем ва ба ин васила, ҷавҳари андешаҳои олӣ ва пурсамари мутафаккиронамонро ҳифз намуда, бо ақлу заковати хеш онро афзун месозем, зеро мо то он даме ки китоб дорему китоб мехонем, намирандаем. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО дар тамоми китобхонаҳои дунё 20 млрд китоб маҳфуз аст. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкати Google-books (соли 2010) дар тамоми дунё наздики 130 миллион намуд китоб мавҷуд аст.

Хулоса, китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат буда, инсонро бо ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ва матонату бузурги хидоят мекунад.

Шодмон Нурматов,

докторанти (PhD) Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,

Диловар Ҷаъфаров,

корманди мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат

дар шаҳри Бўстон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш