Нашрияи Омӯзгор

Пирўзии 52 довталаб

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид, ки омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 Замира Шукурова  соҳиби шоҳҷоиза шуд. Дар ҷамъбасти озмун раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар бораи дастгириву пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷўён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомўзӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Сипас, муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Хуршед Сатторзода оид ба раванди баргузории даври дуюми озмуни мазкур суханронӣ намуд.. Гуфта шуд, ки ба даври шаҳрӣ 145 нафар ғолиб номнавис гардида, дар даври шаҳрӣ 52 нафар пирўзӣ ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибони даври шаҳрӣ, омўзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳмгузорӣ намуданд, мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои хотиравӣ супорида шуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш