Нашрияи Омӯзгор

Ишкошим: 24 иншоот бунёд ва 56 адад навсозӣ гардид

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бинои нави беморхонаи минтақавии дорои 30 кат ба истифода дода мешавад. Он бо кумаки молии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бунёд мегардад.

Барои бунёди бинои мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ошёнаи аввали он шуъбаи таваллудхона, маркази ёрии таъҷилӣ ва дар ошёнаи дуюм шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ ҷой гирифтаанд. Масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Вахон», ки сохтмони бинои мазкурро бар дўш доранд, талош мекунанд, ки беморхонаро дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дасти табибон супоранд.

Раиси ноҳияи Ишкошим Мўсо  Мирзозода  гуфт, ки “деҳаи Вранг аз ҷумлаи деҳотест, ки аз маркази маъмурии вилоят ва маркази ноҳия хеле дур буда, интиқоли бемори вазнине, ки ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, вақти зиёд металабад. Баъди ба истифода додани беморхонаи минтақавӣ сокинони деҳоти атроф низ метавонанд бо истифода аз мошинҳои маркази ёрии таъҷилӣ дар фурсати кўтоҳ беморонро ба ин ҷо интиқол диҳанд. Ҳамагӣ як сол пеш дар ҳамин деҳа хонаи фарҳанг, мактаби санъату рассомӣ ва маркази фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”.

Имсол дар ноҳия 56 иншоот навсозӣ шуда, 24 иншоот, ба шумули хати оби нўшокӣ, бинои маъмурии филиали рақами 72-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Амонатбонк», анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, Маркази рушди барвақтии кўдакон ва амсоли инҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш