Нашрияи Омӯзгор

217 муассисаи таълимӣ - туҳфа ба 30–солагии истиқлол

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо дастури Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, дигар сарчашмаҳо дар давоми солҳои 1991-2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмўъ, 3020 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 645336 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 4 млрд. 664 миллиону 140 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба иттилои сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми кишвар Дилшод Сафарзода, дар ин муддат дар вилояти Хатлон 1161 бинои муассисаи таълимӣ (ҳамзамон иловагӣ) барои 234084 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 1 млрд. 760 миллиону 157 ҳазор сомонӣ, дар Вилояти Мухтори  Кўҳистони Бадахшон 180 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ барои 39267 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 297 миллиону 851 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд 780 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ барои 184570 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 826 миллиону 773 ҳазор сомонӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 899 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ барои 1847111 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 1 млрд. 779 миллиону 358 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Аз ин шумора, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1606 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ барои 417673 ҷойи нишаст, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 462 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ барои 88438 ҷойи нишаст ва аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 952 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ барои 136521 ҷойи нишаст бунёд гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар соҳои 1991-1992 шумораи муассисаҳои таълимӣ дар кишвар 3229 адад ва теъдоди хонандагон 1млн. 325 ҳазору 400 нафарро ташкил медод. Тўли солҳои 2020-2021 шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 3911 адад ва теъдоди хонандагон 2 млн. 108 ҳазору 942 нафар расидааст, ки дар ин давра 682 муассисаи таълимӣ ва 783 ҳазору 542 нафар хонанда зиёд шудааст. Д. Сафарзода афзуд, ки тибқи маълумоти омории дастрасгардида соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 217 бинои муассисаи таълимӣ барои 46509 ҷойи нишаст аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 8 иншоот барои 1182 ҷойи нишаст ба маблағи 30 млн. 723 ҳазору 430 сомонӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 1 муассисаи таълимӣ иборат аз 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст, дар ноҳияҳои Дарвоз 2 муассисаи таълимӣ барои 576 ҷойи нишаст, Ванҷ 2 иншоот барои 96 ҷойи нишаст, Рўшон 1 иншоот барои 100 ҷойи нишаст ва Ишкошим 2 иншоот иборат аз 10 синфхона барои 160 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон соли равон то 9 сентябр 98 бинову иншооти соҳаи маориф барои 18269 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 278 млн. 537 ҳазору 325 сомонӣ ба истифода дода мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 1 муассисаи таълимӣ барои 320 нафар, Левакант 3 муассисаи таълимӣ барои 912 нафар, Кўшониён 5 муассисаи таълимӣ барои 1052 ҷойи нишаст, Ёвон 5 иншоот барои 456 нафар, Вахш 3 иншоот барои 720 нафар, Хуросон 5 иншоот барои 504 нафар, Дўстӣ 6 иншоот барои 804 нафар, А.Ҷомӣ 6 иншоот барои 504 нафар, Ҷайҳун 4 иншоот барои 480 нафар, Қубодиён 7 иншоот барои 552 нафар, Шаҳритус 4 иншоот барои 768 нафар, Ҷалолиддини Балхӣ 9 иншоот барои 1608 нафар, Носири Хусрав 2 иншоот барои 96 нафар, Панҷ 4 иншоот барои 576 нафар хонанда, Кўлоб 3 иншоот барои 720 нафар, Восеъ 4 иншоот барои 672 нафар, Муъминобод 2 иншоот барои 294 нафар, Балҷувон 7 иншоот барои 1028 нафар, Фархор 8 иншоот барои 2635 нафар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 иншоот барои 264 нафар, Темурмалик 2 иншоот барои 904 нафар, Ховалинг 3 иншоот барои 600 нафар, Шамсиддин Шоҳин 2 иншоот барои 560 нафар ва Данғара 2 иншоот барои 1240 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бошад, 49 бинову иншооти соҳаи маориф барои 11939 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 219 млн. 361 ҳазору 240 сомонӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии Ашт 5 иншоот барои 1668 ҷойи нишаст, Бобоҷон Ғафуров 2 иншоот барои 614 ҷойи нишаст, Бўстон 1 иншоот барои 220 ҷойи нишаст, Деваштич 4 иншоот барои 1230 ҷойи нишаст, Исфара 4 иншоот барои  1600 ҷойи нишаст, Истаравшан, 2 иншоот барои 120 ҷойи нишаст, Конибодом 5 иншоот барои 1535 ҷойи нишаст, Кўҳистони Мастчоҳ 4 иншоот барои 820 ҷойи нишаст, Мастчоҳ 6 иншоот барои 1214 ҷойи нишаст, Панҷакент 4 иншоот барои 700 ҷойи нишаст, Ҷаббор Расулов 7 иншоот барои 692 ҷойи нишаст, Айнӣ 2 иншоот барои 620 ҷойи нишаст, Шаҳристон 2 иншоот барои 714 ҷойи нишаст ва Истаравшан 1 иншоот барои 192 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57 бинову иншооти соҳаи маориф барои 8739 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 77 млн. 081 ҳазор сомонӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии Ҳисор 7 иншоот барои 1130 хонанда, Турсунзода 7 иншоот барои 1560 хонанда, Шаҳринав 8 иншоот барои 1860 хонанда, Файзобод 5 иншоот барои 525 хонанда, Тоҷикобод 4 иншоот барои 530 хонанда, Нуробод 3 иншоот барои 375 хонанда, Рашт 3 иншоот барои 580 хонанда, Ваҳдат 9 иншоот барои 668 хонанда, Варзоб 3 иншоот барои 580 хонанда, Роғун 1 иншоот барои 75 нафар хонанда, Рўдакӣ 5 иншоот барои 696 нафар хонанда ва Лахш 2 иншоот барои 160 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Душанбе 5 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6380 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 150 млн. сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд. Аз ҷумла, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кўчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо маблағи 49000 000 сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои 1100 ҷойи нишаст бо маблағи 26000 000 сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №15 дар ноҳияи Шоҳмансур барои 720 ҷойи нишаст бо маблағи 15000 000 сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино барои 1280 ҷойи нишаст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кўчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои 1280 ҷойи нишаст бо маблағи 30 000 000 сомонӣ сохта шудаанд, ки дар арафи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли Давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби буҷет дар ҷумҳурӣ 50 ададро дар бар мегирад, ки барои 12662 ҷойи нишаст бо маблағии умумии 256 млн. 884 ҳазору 400 сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 23 адад барои 8685 ҷойи нишаст бо маблағи 230 млн. 183 ҳазору 595 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон, ба тариқи ҳашар ва саҳми волидайну омўзгорон 144 адад барои 25162 ҷойи нишаст бо маблағи 268 млн. 635 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад.

-Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз шумули биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ як иддааш бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва мавриди истифодаи хонандагону омўзгорон қарор дода мешаванд, - изҳор дошт Д.Сафарзода.

 

Таҳияи

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш