Нашрияи Омӯзгор

Ганҷи бебаҳо

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Боиси хушнудист, ки дар баробари ба даст овардани истиқлолият, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию хушбахтӣ  ба мардуми тоҷик  насиб гардид. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ, соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бақои миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар кишвар ривоҷу равнақ медиҳад. Он рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Истиқлол чун меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Гарчанде  бархе аз номуродон дар оғоз чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ ҷанги бародаркушро  роҳандозӣ намуданд, аммо ба  ҳадафҳои муғризонаи худ нарасиданд. Зеро  халқи тоҷикро шахсияти бохираду соҳибфазилат Пешвои миллат, Президенти  кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азобҳо паси сар гаштанду кишвар орому миллат дилшод гардид. Имрўз миллати тоҷик ва давлати  Тоҷикистонро тамоми дунё эътироф мекунад. Зиёда аз 150 кишвари дунё робитаи дўстиву тиҷоратиашро бо Тоҷикистон барқарор намудаанд, ки ин ҳама нишонаҳои файзбори истиқлолият мебошад. Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба рўйи  ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. 30 сол аст, ки мо ба сўи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорем. Барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани решаҳои Истиқлол моро мебояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри равнақу гулгулшукуфии ватани азизамон бо тамоми неру меҳнат кунем. Зеро  ҳифзу обод кардани ватан масъулияти бузург аст ва ҳар яки моро уҳдадор мекунад, ки пайваста ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот дар кишвари худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ саъйю талош намоем.

Мунира Қуддусова,

омўзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш