Нашрияи Омӯзгор

Дастоварди нодири миллат

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Мардуми сарбаланду мутамаддини тоҷик бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлоли муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

 Аз файзу баракати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки дар доираи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум зина ба зина  амалӣ гашта истодааст.

Бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки  Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва зимоми давлатдориро ба фарзанди фарзонаи  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд. Дар назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он Иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор пешбинӣ шуданд, ғайриимкон  менамуд. Зеро ҳанўз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрванди мо дур аз Ватан  сарсону саргардон  ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ  пурра  фалаҷ  гардида  буданд.

Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллӣ  гузошта  шуданд.  Имрўз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина, ҷиҳати таъмини фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда  шудаанд.

Аз ин рў, моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  бирасем ва дар пешрафту шукуфоии бештари  Ватани  азизамон саҳми босазо гузорем.

 

К. Салимзода,  

муовини Прокурори ҳарбии  гарнизони шаҳри Кўлоб, полковники адлия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш