Нашрияи Омӯзгор

Рамзи ягонагиву шукуфоии давлат

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз бо роҳи истиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем».

Дар умум, метавон истиқлолу озодиро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Ба таври дигар гўем, истиқлол  барои  мардуми  кишвари  азизамон  он  ҷойгоҳу мақомеро соҳиб аст, ки онро метавон эҳёи дубораи давлати бузурги тоҷик номид.

Баъди яке аз нахустин дастоварди сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», қадамҳои устувор дар ҷодаи корҳои ободониву созандагӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ гузошта шуданд, ки имрўз ҳамагон пайваста аз самараи онҳо зиндагии хешро рангину  беҳбуд мебахшанд.

Бешубҳа, ба даст омадани сулҳ дар мамлакат на танҳо суботу оромиро таъмин намуд, балки раванди парокандашавии миллат ва ба нобудӣ рафтани кишварро боздошт ва минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст. Ҳифзи Тоҷикистон маҳз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон ба миён омада, якпорчагии кишварро ҳифз намуд ва рушди минбаъдаи кишвар дар мақоми субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ баромад намудан, заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Қабул гардидани қонуни асосӣ – Конститутсия ва интихоби роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ амалан дурустӣ, ба ниёзҳои инсонӣ ва рўҳи замони имрўз ҷавобгў будани худро дар амал собит намуд. Ҳатто, тасдиқи ин андеша борҳо аз забони коршиносони дохиливу хориҷӣ тасдиқ ёфта, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў буда, дар он тамоми меъёру принсипҳои демократия инъикоси худро ёфтаанд».

Воқеан, Истиқлоли давлатӣ ба мардуми шарифи кишвар шароити таърихиеро фароҳам овард, ки бо иродаву талошҳои хеш ба бузургтарин корҳои бунёдкорона иқдом намуда, ба ҳадафҳои милливу давлатӣ комёб гардад. Дар ин самт ба истифода дода шудани ду чархаи  НБО «Роғун», бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Шаршар», роҳҳои  автомобилгарди  Шоҳон-Зиғар ва Шкев-Зиғар, Душанбе-Чаноқ ва Душанбе-Саритош, аз чашмрастарин корҳои анҷомёфтаи корҳои сохтмонӣ мебошанд, ки дар пешгаҳи он маҳз иродаву матонат ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва заҳматҳои мардуми кишвар қарор дорад. Донишҳои сиёсиву таърихӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон таърихи гузаштаи миллату давлат, равандҳои сиёсии дохил ва берунаи кишварро донанд ва аз доми фиреби сиёсии созмонҳои иртиҷоӣ раҳо ёбанд. Дар ин иртибот яке аз ҳадафҳои рушди низоми маорифи кишвар низ пайваста бо роҳи боло бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву ҷаҳонишиносии насли ҷавон, тақвият бахшидани неруи созандаи онҳо дар корҳои созандагиву бунёдкоронаи ҷумҳурии азизамон мебошад. Гузашта аз ин,  роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон -  ватани азизи ман!», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурўғи маърифат», нашри асарҳои маънавибунёду ҳувиятсози «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври бесобиқа рў овардани наврасону ҷавонон ба донишомўзӣ ва бо ин роҳ дар боло рафтани сатҳи худшиносиву ватандўстии онҳо иқдомҳои наҷибу созанда мебошанд.

Истиқлол бақои миллат ва омили озодиву саодати мардум, рамзи ягонагиву шукуфоии миллат дар марҳилаи нави таърихӣ буда, омили асосии ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани сарзамини ободу ягона мебошад.

 

Шуҳрат САИДЗОДА,

мудири кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ, дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш