Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои амнияти озуқаворӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантинии растанӣ тариқи онлайн иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳолати амнияти озуқаворӣ дар давраи бемории ҳамагири СОVID-19, дастгирии лоиҳаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, тасдиқи Консепсияи таъсиси пойгоҳи намоишии СҲШ оид ба мубодила ва омўзиши технологияҳои кишоварзӣ ва тасдиқи Нақшаи иҷрои амалии ёддошти тафоҳум байни ниҳодҳои ваколатдори кишварҳои узви СҲШ оид ба ҳамкории техникӣ дар соҳаи пешгирии муштарак ва назорати бемориҳои эпизодотии фаромарзӣ баррасӣ гардиданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш