Нашрияи Омӯзгор

Нахустин вохўрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Душанбе нахустин вохўрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ, ки барои ҳамкорӣ дар бахши энергетика масъуланд ва Котиботи СҲШ иштирок доштанд.

Чорабиниро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуд. Зикр гардид, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, кишварҳои СҲШ ҳамкориро дар бахши энергетика идома медиҳанд. Таъкид гардид, ки фазои СҲШ — маҷрои бузурги энергетикӣ мебошад, ки дар доираи он миқдори зиёди неруи барқ истеҳсол, истеъмол ва интиқол дода мешавад. Ин иқтидор бояд барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти пайваста афзояндаи кишварҳои узви СҲШ истифода шавад.

Дар ҷаласа вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетикии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши энергетика, таъсиси гурўҳи кории кишварҳои узви СҲШ оид ба энергетика баррасӣ шуд.

Ҳамгироии сарчашмаҳои гуногуни энергия ва таъмини кори мувозии системаҳои энергетикӣ, табодули дониш дар соҳаи электроэнергетика, такмили заминаи истеҳсолии комплекси сўзишворию энергетикӣ, таъсиси иқтидорҳои нави энергетикӣ бо назардошти тавозуни энергетикии кишварҳои узви СҲШ, ҳамкорӣ дар шароити буҳрони сўзишворӣ – энергетикӣ, таҳияи равишҳои нав дар соҳаи самаранокии энергия ва сарфаи энергия бо назардошти таҷрибаи кишварҳои гуногун ба сифати самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш