Вобаста ба китоби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ман дар синфи 6 дарси тарбиявӣ баргузор намудам. Дар ин дарс расми Сарвари кишвар, китобҳои Президент ва суратҳои қаҳрамонони миллат ҳамчун аёният истифода бурда шуданд.
Нахуст оид ба корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намудам ва гуфтаи зерини Пешвои миллатро ба шогирдон тавзеҳ бахшидам:
«Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа фалсафаи таҳаммулпазириро тарғибу ташвиқ намуда, ба намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину ойин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд».
Дар шоҳасари «Чеҳраҳои мондагор» симои 25 нафар шахсиятҳои таърихӣ ва ҷонфидои миллат таҷассум ёфтааст.
Дар идомаи дарс хонандагон худ фаъол буданд.
Мавҷуда: - Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу ҷозибанок аст, ки бисёр халқҳои бостонӣ ӯро аз нобиғагони ҷаҳонӣ донистаанд.
Саид: - «Авесто» китоби ҳидоятгари роҳи рост, ғалабаи некӣ ба бадӣ, рӯшноӣ ба зулмот мебошад.
Ҷамшед: - Бунёдгузори империяи мутамаддини Ҳахоманишиҳо Куруш шаҳодатгари пойдории ҳуқуқи башар мебошад.
Пайрав: - Ҳарчанд муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шудаанд, корномаи бемислу монанди онҳо дар саҳифаҳои таърих то ба рӯзгори мо ёдгор мондааст. Имрӯз бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ноҳияеро Спитамен номгузорӣ намудаанд.
Абулқосим: - Исмоили Сомонӣ дар муттаҳидсозии халқҳои парешони ориёнажоди Мовароуннаҳру Хуросон як чеҳраи пурфурӯғи таърихист. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар қалби кишварамон ҳамчун рамзи пойдории давлат қомат афрохтааст.
Паймона: - Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин, рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар Тоҷикистон ноҳия, донишгоҳ ва садҳо кӯчаю хиёбон ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаанд.
Шуҳрат: - Дар бораи корнамоии беназири Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ва Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони зиёд метавон гуфт. Ин абармардон бо унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Муаллим: - Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар шахсиятҳои ҷонфидои миллат аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд.
Китоби «Чеҳраҳои мондагор» далели он аст, ки ному омоли неки афроди хидмати шоиста ба халқу Ватан карда ҳамеша пойдор аст, фаромӯшношуданист. Оре, садоқат ва хидмат ба Ватан шаъну шараф аст.
Саиднасриддин САИДОВ,
роҳбари иттиҳодияи методии
роҳбарони синфҳои мактаби
№55, ноҳияи Сангвор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр