Нашрияи Омӯзгор

Баргузории даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

22 август дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» баргузор гардид, ки иштирокчиёни он аз рўйи синн ба се гурўҳ – кўдакони аз 10 то 12-сола, наврасони 13-15-сола ва аз 16 то 19-сола ҷудо гардиданд. ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии «WRO-2021»  бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд.

Олимпиадаи байнал-милалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» дар ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии робототехника «Лигаи роботҳо» ва Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.

Даври интихобии олимпиадаи мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои эҷодкоронаи хонандагон, афзудани шавқмандии онҳо ба фаъолияти илмӣ-техникӣ, ҳалли вазифаҳои мубрами фаннӣ-инженерӣ, баланд бардоштани ҳайсияти касбҳои марбут ба соҳаи фановариҳои иттилоотӣ миёни ҷавонон, ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба навовариҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои дастгирии кўдакони лаёқатманд дар соҳаи робототехника гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар Тоҷикистон барои дарёфти кўдакони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои кашфношуда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самти робототехника баргузор мешаванд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш