Нашрияи Омӯзгор

Дарси ҳикмат

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Адабиёти тоҷик дорои асарҳои пурмазмуну гуногунмуҳтаво буда, омўзиши онҳо хонандаи хушзавқро ба андеша кардану хулоса баровардан водор сохт, ҷаҳонбинии ўро васеъ менамояд. Агар қаҳрамонию ватандўстии Рустам аз «Шоҳнома»-и  Ҳаким Фирдавсии  Тусӣ дар замири шогирдон (дар синфи 8) ҳисси меҳанпарастию ватандўстӣ, ҷасурӣ, чусту чолокӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини озодии миллату осудагии кишвар, ҳимояи арзишҳои миллиро бедор намояд, «Бўстон»- у «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ (дар синфи 9), «Қобуснома»-и Унсурмаолии  Кайковус (дар синфи 8) ва дигарон хонандаро ба илмомўзию донишазхудкунӣ, саховатмандию хайрхоҳӣ, одоби муошират, эҳтироми волидайн, ҳунаромўзӣ, сухандонию суханварӣ, дўстию рафоқат ва ғайраҳо талқин месозанд.

Ба андешаи камина, яке аз роҳҳои пурсамару натиҷабахши адабиёт баёни фикру андеша ва мулоҳизарониҳост, ки онро дар мавзўъҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст .

Хушбахтона, хонандаи имрўз хеле ҳушёру зирак аст ва  метавонад, атрофи мавзўъҳои гуногун андешаҳои ҷолибу рангини хешро иброз дорад. Махсусан, дар бораи як байти пурмазмуну барояшон фаҳмо ё як образи хоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ. Бештари шогирдон дар ин раванд фаъол буда метавонанд ва озодона фикру хулосаҳои худро иброз медоранд. Ин гуна мулоҳизарониҳо нутқи шифоҳии шогирдонро такмилу инкишоф дода, дар онҳо ҷасорат, боварӣ ба худ, ҳозирҷавобӣ , сухандонӣ ва ҳушмандиро ҳосил  менамояд.

Атрофи панду андарзҳои Рўдакӣ, Саъдию Камол (дар синфи 9) хонандагон андешаҳои худро хеле хуб баён месозанд

Чунончи:

Илм чандон , ки бештар хонӣ,

Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

(Саъдӣ)

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

(Фирдавсӣ)

  Ба ин монанд байтҳои зиёдеро аз осори адибону бузургони адабиётамон мисол овардан мумкин аст.                                         

Дар  синфи 5- ум ҳангоми  ҷамъбасти  мавзўи  «Қаҳрамони  халқи  тоҷик - Темурмалик» шогирдон оид ба образи Темурмалик манфӣ - Аҳмади Хуҷандӣ фикру андешаҳои  ҷолибу рангинро баён карда метавонанд. Хонандагон образҳоро бо ҳам муқоиса карда,  хислатҳои онҳоро  ҳар кадом бо фаҳму дарки хеш номбар месозанд. Бо ифтихору сарфарозӣ аз образҳои Темурмалик сухан ронда, симои қаҳрамононаи ўро тасвир мекунанд. Дар атрофи образи Аҳмади Хуҷандӣ низ андешаҳо рангин  буда, бо нафрат аз ў сухан мегўянд. Инро бо усули Диаграммаи ВЕН ё кластер низ ифода кардан мумкин аст. Дар мавзўи «Сайёҳи  Ҳинд», ҳангоми таҳлили достон хонандагон зиндагии пумашаққати афғонбачаро бо ҳаёти имрўзаи худ муқоиса намуда, атрофи он хеле хуб андешаронӣ мекунанд.

 

Бону  Аҳёева

омўзгори  забон ва адабиёти тоҷики

гимназияи №1- и ноҳияи Варзоб

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш