Нашрияи Омӯзгор

Панҷ: 200 иншооти ҷашнӣ

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сафари корӣ Завқӣ Завқизода бо раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳия шинос гардид.

Вазир ҳангоми боздид аз ҷараёни навсозии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ дар Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, коргоҳи дўзандагӣ, коллеҷи тиббӣ, бинои истиқоматии панҷошёна, китобхона, биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил бо шахсони мутасаддӣ ва сохтмончиён вохўриҳо анҷом дода, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки  дар ноҳияи Панҷ аз 210 иншооти ҷашнии нақшавӣ 200 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 10 иншооти боқимонда корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон, корҳои ороишию рангубор ва ободу зебо намудани атрофи биноҳо идома доранд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш