Нашрияи Омӯзгор

Ҳақиқат ҷовидон монад

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Ба инсоне, ки аз худ рафта тасхири фалак кардаст,

Ба тасхири худӣ акнун тавони дигаре хоҳам.

 Инсонҳои асиле дар зиндагӣ ҳастанд, ки умре заҳмат кашида, барои халқу меҳани хеш хизмати шоиста менамоянду таърих собит сохтааст, ки маънавиёт аз сифатҳои фитрии инсон буда, гузариш ва таҳкими пайвасташ арзишҳои миллию умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илм, татбиқи бозёфтҳои рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Оре, инсонҳои асил ва дурандеш дар тўли умри хеш пайи амалҳое мегарданд, ки бештар ба ҷомеа манфиатовар бошад.

 Ёд дорам, ҳанўз дар синфи 6-ум мехондам, ки китоби «Шоҳнома»-и безаволи устод Абулқосими Фирдавсиро, ки бо қалами Сотим Улуғзода ба наср  таҳия ва чоп гардида буд, мехондам. (Он замонҳо бо сабабҳои сиёсӣ, осору эҷодиёти ин нобиғаи замон ба кўи фаромўшӣ бо ҳукми тақдир гузошта шуда буд)

Зимни мутолиаи достони «Рустаму Суҳроб» беихтиёр гиря гулўгирам намуда, наметавонистам онро ба охир расонам. Тақдири Суҳроби ғўрамарг оромам намегузошт. Ба хотири рафъи таъсири ғами талхи писарро ба дасти падар ба қатл расонидан  хостам ба воситаи мутолиаи шахси дигар аз тақдири қаҳрамони асар огоҳӣ биёбам, аммо боз ҳам нашуд.

Таъсири сухани нишонраси адиб дар қалбам беинтиҳо буд. Он вақтҳо ман ҳатто намедонистам, ки ин суханҳои риққатоварро дар марги писар, падари ҷигарсўхта Сотим Улуғзода эҷод намудааст. Мактаббачаи даҳ-дувоздаҳсоларо бо таъсири сухан муассир намудан, далели дигари барҷастагии услуби эҷоди устод Сотим  Улуғзода мебошад. Дар эҷодиёти адиб баъдтар ба нақшҳои Восеъ, Ризо, Давлат, Шимлу, Виркану Наниманча, Ёдхишетак ва дигарон вохўрда, ба бузургии ин марди майдони сухан сари ихлосу таъзим фурўд овардам. Нависанда барои баланд бардоштани фарҳангу тамаддуни миллат то охири умр кўшиш намудааст. Вай мардумро ба воситаи асарҳои бебаҳояш ташвиқ менамояд, ки гузаштаи худро омўзанд, ба фаҳми тафовути  некӣ ва бадӣ, муруввату ҷаҳолат бирасанд.

  Устод чун  адиби сухансанҷ таҷрибаи неку бади  зиндагиро дида, ба хонандагон роҳи дурусти ҳаётро нишон дода, дар қалби мардум абадан ҷойгузин гардидааст.

Гулсанам ХОЛИҚОВА,

омўзгори  мактаби №12-и ноҳияи Панҷ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш