ҷавоб ба мақолаи Азим Байзоев «Ҳақиқатгӯ бояд буд» ( «Омӯзгор», №27, 5.07.2018)
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз 5 – уми июли соли 2018 вокуниши А. Байзоевро нисбат ба мақолаи банда «Нахуст андеша, он гоҳ гуфтор» («Омӯзгор», № 25, 21.06.2018) таҳти унвони «Ҳақиқатгӯ бояд буд» ба нашр расонид. Аслан дар вокуниш ба эродҳои мо ҷавоб нест, зеро аз рӯйи маводи шабакаи интернет мақола навиштан дигар асту фаъолияти мактабу омӯзгор ва хонандаро донистан дигар.
Бояд муддаӣ огаҳ бошад, ки дар асоси озмоиш (1980 - 1987) пешниҳод кардем, ки забономӯзӣ бар асоси матнҳо бояд ба роҳ монда шавад. Ин аст, ки дар аксар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ матнҳо ба сифати машқ мавқеи муҳим доранд ва он матнҳо аз услубҳои гуногуни забон интихоб гаштаанд.
Дар таълим нуктаҳое ҳастанд, ки ба назар гирифтани онҳо шарт аст. Хабари ҷумларо ҳам орем, чунин тавсия доданд: «Муносибати босалоҳият ба таълим роҳи дигари расидан ба ҳадафҳоро ба миён мегузорад. Аз ёд кардани шеър хуб аст, он хотираи хонандаро тақвият медиҳад, аммо ҳақиқат ин аст, ки на ҳама метавонанд шеърро аз ёд кунанд. Вазифаи таълим, пеш аз ҳама, дарки мазмуни масъала ва истифодаи дониши ба дастомада дар зиндагӣ аст. Бинобар ин, супоришҳо вобаста ба қобилиятҳои инфиродии хонандагон метавонанд гуногун бошанд: барои як гурӯҳ – аз ёд кардани шеър, барои гурӯҳи дигар тасвири манзараҳое, ки дар шеър тавсиф ёфтаанд (масалан, кашидани расми кӯҳҳо ва дар зер овардани порчаи мувофиқи шеър, барои гурӯҳи сеюм – нақл дар барои мавзеъҳое, ки дар шеър ишора шудаанд…)»
Аввалан, аз ёд кардани шеър танҳо барои тақвияти хотир не, балки беш аз 6-7 вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Ба андешаи на ҳама метавонанд шеърро аз ёд кунанд, розӣ шудан номумкин аст. Аз куҷо медонед, ки аз ёд карда наметавонанд? Шеърҳои ба синну сол вобаста бошанд, чаро аз ёд карда наметавонистанд? Ҳунари омӯзгор ҳам дар ҳамин аст, ки роҳеро пайдо кунад, ки хонанда шеърро аз ёд намояд. Чаро аввал як-ду бандашро аз ёд мекардааст? Пас Суруди миллиро ҳам аз ёд накунанд. Чунин масъалагузорӣ кардан комилан ғалат аст. Агар муносибат босалоҳият инро талаб намояд ҳам, ғалат аст. Омӯзгорони ботаҷриба ҳикояҳои насрӣ (аз Саъдӣ)-ро аз ёд месупоранд. К.Д. Ушинский таъкид месозад, ки дар таълим ҳама чиз шавқовар буда наметавонад, балки дар он чизҳои дилгиркунанда ҳам ҳастанд, ки фаро гирифтани хонандагон шарт аст.
А. Байзоев эрод гирифтааст, ки мо барои аз ёд кардани шеър аз гуфтаи олимони солҳои 1940-1990 - уми асри гузошта далелҳо овардаем. Исботи илмӣ чунин корро талаб мекунад. Бар замми ин аз ёд кардани шеър ва ё мушоираю байтбарак анъанаи куҳани миллии мактаби тоҷик маҳсуб мегардад. «На ҳама метавонанд шеърро азёд кунанд» гуфтан инкори анъаноти миллии мактаби тоҷик аст. Агар ин анъанаи миллӣ намебуд, дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (Душанбе, ҷ.1 1998, саҳ. 231 ва ҷ. 2, 1989, саҳ. 362) зикр намегардид.
Ё ин ки А. Байзоев менависад: «…Дар сохтани ҷумлаҳо низ ҳама хонандагон баробар нестанд. Барои ба ин кор ҷалб кардани ҳамаи онҳо, сохтани ҷумлаҳоро дар кори гурӯҳӣ ба роҳ мондан мумкин аст. Табиист, ки дар гурӯҳ ҳам ҷумлаҳоро як нафар месозад, аммо дигарон низ иштирок мекунанд (пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи як калима калимаи дигар истифода шавад; як кас ҷумла нависад, каси дигар онро хонад; аз ду ё зиёда ҷумлаҳои дар гурӯҳ сохташуда якеро интихоб кунанд ва ғайра) («Омӯзгор» № 51, 21 декабри соли 2017).
Ин андеша ҳам беасосу ғалат аст. Якум, ҳама бояд ҷумла навишта тавонад. Ғалат ҳам бошад, бояд ҳар кас ҷумла нависад. Омӯзгор аз усулҳое истифода барад, ки тадриҷан онҳое, ки ҷумлаи дуруст навишта наметавонад, беғалат ҷумла навишта метавонистагӣ шаванд. Дуюм, ҳеҷ мумкин нест, ки дар гурӯҳ танҳо як нафар ҷумла навишта тавонад. Агар чунин аст, пас ба муносибати босалоҳият зарурат нест, чунки самара надодааст. Сеюм, пас ин кори гурӯҳӣ нест, балки инфиродист, зеро дар кори гурӯҳӣ ҷумлаҳои навиштаи дигарон (қариб ҳама) аз назар гузаронида шуда, ҳатто муҳокима ҳам мегарданд. Сипас, ҷумлаи дуруст интихоб карда мешавад. Чорум, агар муносибати босалоҳият ҳамин тавр, чунон ки А. Байзоев пешниҳод кардааст, татбиқ гардад, нисфи хонандагон бесавод мемонанд, ё дуруст хонда, ё дуруст навишта наметавонанд. «Самара»-и чунин муносибатро аллакай дар баъзе синфҳои ибтидоӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Зери иқтибоси овардашуда А. Байзоев менависад: «Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълим на ба китобу матни он, балки, пеш аз ҳама, ба маҳорату салоҳиятҳои шахсии омӯзгор вобаста аст» («Омӯзгор» № 51, 21 декабри соли 2017) Дуруст аст, ки беҳтарин китобу дастур таҳияю пешниҳод гардаду омӯзгор омода набошад, таълим коргар намеафтад. Вале муҳтарам А. Байзоев ҳанӯз пай набурдааст, ки дар муносибати босалоҳият ба китоби дарсӣ зарурат нест. Омӯзгор бар асоси стандарти давлатӣ худаш маводро аз рӯзномаю маҷаллаҳо пайдо мекунад. Инро ҳангоми вохӯрӣ дар ҳузури вазир ва дигарон мушовирони байналмилалӣ тасдиқ карда буданд.
А. Байзоев ба иқтибоси аз навиштаи худаш овардаи мо «Аммо дар муносибати босалоҳият ба таълим дар назар дошта мешавад, ки мавзӯъ ва мундариҷаи таълим барои ташаккули салоҳиятҳо ҳамчун восита хидмат мекунад. Ва дар қавсайн ҷумлаи «ҳар касе, ки ин нуктаро рад кардан мехоҳад ё босалоҳият нест (?) ё аз салоҳият хабар надорад, навишта, таъкид мекунад, ки ин ишорат аз мост. А. Байзоев магар бехабар аст, ки мавзӯю мундариҷаро омӯзгор худсарона иваз карда наметавонад, балки матн ва саволу супоришҳоро, ки ба ҳадафҳои гузошта мувофиқат надошта бошанд, иваз карда метавонад. Такроран зикр мекунем, ки мавзӯю мундариҷа дар стандарти фаннӣ зикр шудаанд, ки омӯзгор ҳуқуқи онҳоро иваз кардан надорад. Агар чунин бошад, пас стандарт нодаркор аст.
Аз гуфтаю навиштаи хеш даст кашида, ин нуқсонро ба модули таълимии «Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим», ки аз ҷониби Вазорти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тренерон ва омӯзгорон дастрас гардидааст (Душанбе, 2017, с.14) нисбат медиҳад, ки қобили қабул нест. Аввалан, вақте ки аз асаре иқтибос оварда мешавад, аз ду тараф нохунак мегузоранд ва саҳифаи онро зикр мекунанд. Дар мақола ин суханҳо аз номи худи А. Байзоев омадаанд. Сониян, модулҳоро шумо барин «мактабшиносон» аз маводи интернет гирифтаанд. Бинобар ин, агар бамулоҳиза он модулҳоро хонед, дар ҳар як саҳифаи онҳо ба чандин ғалати забонӣ, ихтилофнок ва мантиқан хароб вомехӯред.
Масалан, дар «Маҷмӯи модулҳо оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ» (Душанбе, 2017). Аввалан, номаш ғалат аст. Сониян, дар як саҳифа навиштаанд: «Низоми таълими салоҳиятнокӣ низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, ҳақиқӣ, функсионалӣ) равона мешавад (саҳ.9). Бояд қайд кард, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад» (саҳ. 9). Агар ин дастурро дақиқан баррасӣ бикунем, пур аз ғалат аст. Бо овардани ду ҷумлаи боло иктифо мекунем.
Дар навиштаҳои худи А. Байзоев ихтилофу номувофиқатӣ дида мешавад. Масалан, зери унвони «Бархӯрди анъана ва навоварӣ («Омӯзгор» № 50, 14 декабри с. 2017) менависад: «Дар дастурҳои таҳиягардида оид ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ба хотири асоснок намудани зарурати ҷорӣ намудани он аз тафовутҳо ва норасоиҳои низоми ба истилоҳ анъанавӣ сухан ронда, афзалиятҳои муносибатҳои босалоҳиятро шарҳ додаанд.
Дар ин маврид ду нуктаи муҳимро бояд зикр кард: аввалан, муносибати босалоҳият ба таълим, дар ҳақиқат, шакли нави муносибат буда, аз низоми анъанавии таълим бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад ва афзалтар аст. Сониян, ҷорӣ гардидани муносибати босалоҳият ба таълим ҳаргиз маънои аз беху бун кандани низоми анъанавӣ таълимро надорад…».
Баъдтар оид ба фаҳмиши ғалати бархӯрди анъана бо навоварӣ муҳокимаронӣ карда, чунин таъкид месозад: «Бори дигар таъкид мекунем, ки МБТ ҳаргиз низоми нав нест…».
А. Байзоев вокуниши худ«Ҳақиқатгӯ бояд буд» («Омӯзгор», № 27, 5 июли 2018)-ро чунин хотима мебахшад: «Ёдовар мешавем, ки ин силсиламақола таҳти назари вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли як дастур таҳия гардида, аз ҷониби мушовараи Вазорат ба чоп тавсия гардидааст ва дар ояндаи наздик дастраси ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар хоҳад шуд». Мо сари ин ихтирои А. Байзоев бисёр андешидем. Якум, таҳти назари кӣ нашр шудани «дастур»-и А. Байзоев аҳамият надорад. Муҳим он аст, ки ин дастур ба аҳли маориф чӣ медиҳад? Музахрафоти дар ин дастур сабтшуда омӯзгоронро ба кадом самт: дуруст ё нодуруст равона месозад? Дуюм, вазирро ба худ сипар сохтан кори шахси оқил нест. Ин кор хуб нест. Сеюм, мо вазири маориф ва илмро хуб медонем, эҳтиромашро ба ҷой меорем. Воқеан, вазири маориф ва илм набзи соҳаро аз ҳама беҳтару бештар эҳсос мекунад ва чун маслиҳатгару пешбарандаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф саҳми бориз дорад. Чорум, вазири маориф ва илм ба чунин дастури пурғалату маслиҳатҳои бепоя эҳтиёҷ надорад, яъне вазирро чунин дастурҳои подарҳаво машҳур нагардонидаанд ва намегардонанд.
Агар бо заррабин бикобед, як ҳарф дар навиштаҳои аз А. Байзоев иқтибосоварда афзудан ва ё кам кардани моро пайдо карда наметавонед. Танҳо ба хотири ҳаҷмаи калон нашудани мақола андешаҳои шахсии ӯро мухтасаран пешниҳод намудем. Бар кадом асос мақоларо «Ҳақиқатгӯ бояд буд» ном гузоштааст, ба мо равшан нест.
Банда омодаам, ки бо муаллифи вокуниш ва ҳаводорони ӯ дар ҳар сатҳ, ҷой ва доира баҳс намоям ва собит созам, ки ин маслиҳатҳо саҳеҳ нестанд.
Саидамир Аминов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр