Нашрияи Омӯзгор

Нависандаи ватандўст

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Сотим Улуғзода тавонист бо асарҳои худ “Субҳи ҷавонии мо”, “Фирдавсӣ” , “Восеъ”, “ Ёрони боҳиммат” ва “Ривояти суғдӣ” таърихи миллати куҳанбунёди моро аз нав зинда кунад. Ў дар “Ривояти суғдӣ”  зимни тасвири  ба Самарқанд лашкар кашидани  халифа Усмон ва муколамаи Виркан бо лашкари халифаи Араб чунин навиштааст:

“Ҳой, фурўмоягон, аҳриман-зодагони беҳиммат! Самарқандро шумо мебинед, лекин танҳо дар хоб! Агар дар байни лашкарони дузду қотили шумо боз ягонто аблаҳи паҳлавонтароше бошад, барояд, бо ман набард кунад! Ку аҷали нангини кадоматон расидааст?!”

Ин суханро танҳо қаҳрамоне гуфта метавонад, ки фидоии меҳани худ буд. Ҳангоми мутолиаи романи “Фирдавсӣ” мубоҳисаи байни шоири арабнавис Мутаваъӣ ва Фирдавсӣ ба саволи “Чаро Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро ба забони арабӣ нанавиштааст?” Фирдавсӣ чунин ҷавоб медиҳад: “Ҳоҷат набуд, мехостам ашъори маро ҳамеҳанони ман, ки ҳама, ғайр аз як идда олимону фозилон, арабӣ намедонанд, бихонанд ва бифаҳманд”.

Ва вақте ки Мутаваъӣ мегўяд: “Охир ғайр аз ҳамин олимону фозилони аҷамӣ дигар ҳамватанони шумо ҳама бесавод ва ҷоҳиланд, магар шумо барои бесаводон ва ҷоҳилон шеър мегўед?” , посух мешунавад: 

“Ҳаммеҳанони ман гарчанде бесавод бошанд ҳам, аммо ҷоҳил нестанд, онҳо дар олами худ доноянд. Арабони бесавод ашъори арабиро ҳар қадар мефаҳмида бошанд, ҳаммеҳанони ман сухани шоирони ҳамзабони худро ҳамон қадар ва ҳатто хубтар мефаҳманд”.

Ин нигориши нависандаи таърихнигори тоҷик Сотим Улуғзода ўро чун шахси дўстдори забони модарии худ, меҳану ҳамватанони худ нишон медиҳад.

Дар романи “Восеъ” бар зидди ҷабру зулми хироҷҷамъкунандагони амир, ки қути лоямути камбағалони бечораро аз даҳонашон мерабуданд, баромадани қаҳрамони Восеъ ва аз паи худ бурдани камбағалонро нишон дода, дар ин роҳи нангу номус, ҳатто аз ҷонаш гузар кардани қаҳрамонро таъкид кардааст. Ба ин восита хонандаи асарашро ба ҷонфидоӣ барои халқу миллаташ тарғиб бинмудааст.

Дар асари “Ёрони боҳиммат”-и худ адиб фидокориҳои зани тоҷикро дар образи Зайнаб нишон додааст. Ў  шавҳари пешинаашро, ки аз ҷанг маъюб баргашта буд, интихоб мекунад ва бо ҳамин меҳру муҳаббат занонаи хеш Ҷўрабеки бедасту пойро ба зиндагӣ бори дигар бармегардонад.

Асарҳои Сотим Улуғзода моро ба мардонагӣ, эҳтироми забон, дўст доштани марзу буми Ватан, тайёр будан ба муҳофизати Ватани азиз аз душманони миллат, дасти ёрӣ дароз намудан ба дармондагон даъват менамояд. Мутолиаи асарҳои ватанпарваронаи Сотим Улуғзода ҷавонони имрўзаро аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бозмедорад.

Агар имрўз нависандаи ватанпарвар Сотим Улуғзода зинда мебуд,  яқин,  корномаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро, ки дар даврони истиқлол Тоҷикистонро ба  кишвари шукуфою пешрафта табдил доданд, дар сатҳи баланд, дар асарҳояш тараннум мекард.  Ў дар ҳақиқат, вафодори Ватан буд ва номи некаш чун нависандаи ватанпарвар то абад боқӣ хоҳад монд.

 

Полвон Сарҳадов,

омўзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби№24, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш