Нашрияи Омӯзгор

Теғи дармонбахши Сино

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Тоҷикон дар таърихи тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи барҷаста ва ифтихорӣ доранд. Инкишофу рушди фарҳангу илму маънавияти ин халқи фархунда ҳанўз аз аҳди қадим реша гирифтааст. Фарзонафарзандони бохиради тоҷик барои равнақи тамоми бахшҳои илму адаб хидмати шоиста кардаву ба кашфиёти нодир даст ёфтаанд ва ба номи худ сиккаи абадият задаанд. Кору эҷоди онҳо намунаи барҷастаест барои дар рўҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва хирадпарварӣ тарбия намудани насли наврас. Алломаи бузурги ҷаҳон, фарзанди барўманди халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар қатори чунин абармардони беназир ва муқтадир қарор дорад. Ў дар инкишофи тамоми илмҳо, махсусан, тиб ва фалсафа хидмати мондагор ва бавусъат кардааст. Назар ба гувоҳии сарчашмаҳо, Ибни Сино ҳанўз то 15-солагӣ илмҳои роиҷи замонааш-табииёт, фалсафа, илоҳиёт, ҳандаса, риёзиёт, назарияи мусиқӣ, фиқҳро омўхтааст. Таваҷҷуҳи  аллома, махсусан, ба илми тиб бештар буд. Дар ин ҷода  ў Абумансур Ҳасан Камарии Бухороиро устод хондаву ҳамчунин, бо табибони дарбори Нуҳ ибни Мансур ҳамкорӣ доштааст.

Батадриҷ доираи омўзиши Ибни Сино боз ҳам вусъат пайдо мекунад ва дар 18-солагӣ ў ҳамчун падидаи нодир дар кулли илмҳои замонааш эътироф мегардад. Вобаста ба доираву сатҳи омўзиаш худи алломаи беназир рубоие офаридааст, ки машҳур аст:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Аз Ибни Сино осори зиёде то ба мо мерос мондааст. Муҳаққиқон муқаррар кардаанд, ки шумораи умумии асарҳои ў ба 456 адад мерасад. Ҳарчанд дар он айём навиштани асарҳо, хосатан, асарҳои илмӣ маъмулан ба забони арабӣ сурат мегирифт, алломаи бузург ба ҳукми муҳаббат ба забони модарӣ 23 асарашро ба забони тоҷикӣ иншо бинмудааст, ки «Пирўзинома» яке аз онҳост. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки китобҳои «Китоб-ул-инсоф» дар 20 ҷилд, «Китоб-уш-шифо» дар 18 ҷилд, «Наҷот» дар 3 ҷилд, «Ал-қонун» дар 5 ҷилд иншо шудаанд.

Ба василаи ин китобҳо ҳакими хирадманд дар баробари мусоидат ба ривоҷи илмҳои гуногун дар такмили истилоҳоти илмӣ саҳми босазо гузоштааст. Китоби барҷастаи Ибни Сино «Ал - қонун» бо забони арабӣ таълиф шуда, ба бисёр забонҳои ҷаҳон (лотинӣ, фаронсавӣ, ибрӣ, англисӣ, форсӣ, олмонӣ…) тарҷума шудааст. Ин китоб беш аз 800 сол дар аксар мамолики Ғарб китоби асосии тиббӣ ба ҳисоб рафта, дастури таълимӣ буд. Ба «Ал-қонун» беш аз 200 шарҳу тафсир ва хулоса навишта шудааст.

Ибни  Сино дар таърихи адаби тоҷик ҳамчун шоири тавоно низ шинохта шудааст ва махсусан, рубоиёташ сари забонҳоянд.

Дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо барои бузургдошти ин алломаи тамоми давру замонҳо тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Китобҳои ў батакрор ба забони тоҷикӣ чоп мешаванд. Чандин таълимгоҳ, хиёбон, муассисаи фарҳангию тиббӣ номи Ибни Синоро гирифтаанд. Дар ситоиши аллома адибон  асарҳои  назмию насрӣ офаридаанд. Аз ҷумла, Бозор Собир, шоири маъруф, гуфтааст:

Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,

Теғи дармонбахши Сино рўи дунёро гирифт.

Назрибегим ОДИНАЕВА,

омўзгори синфҳои ибтидоии мактаби №91-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш