Нашрияи Омӯзгор

Сипоҳу силоҳи сухан

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 840        Шарҳ: 0

 

Дар радифи шоирони тозагўю навҷў, ки каломашон рангу бўйи дигаргунаро дорост, қаламкаши соҳибистеъдод Беҳрўзи Забеҳуллоҳ қарор дорад. Ў чун муҳаққиқу донишманди адабиёт аз нозукию ҷузъиёти шеър (умуман, назм ва анвои он) иттилои амиқ ва ҳамаҷониба дошта, дар сурудани шеър дасти боло дорад. Беҳрўз аз гуфтани суханони умумӣ, тасвирҳои ғолибан якрангу забонзад ва мазмунҳои баёншуда иҷтиноб меварзад. Каломаш хушобурангу шеваи баёнаш ҷаззобу ҷолиб буда, дар мавзўъҳои маълумӣ аз саноеи бадеии мухталиф бо ҳунару маҳорати воло истифода мекунад. Дар мадҳу ситоиши Тоҷикистон, дастовардҳои замони истиқлол, тасвири манзараҳои нодири табии кишвар, васфи Пешво ва меҳнати садоқатмандонаи мардуми меҳнаткаш дар адабиёти тоҷик шеъру ғазалҳои зиёде аз ҷониби шоирон таълиф гардидааст, вале сухани нав ва ғояи тоза дар он сурудаҳо ками дар кам ба назар мерасад. Аз ин рў, дар сурудани ин гуна ашъор, аз қавли шодравон, устод Бозор Собир “пайи қалами Беҳрўз тоза аст”. Ҳамин тарзи сухани шоирро Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб дар пешгуфтори китоби тозанашри Беҳрўзи Забеҳулло – “Сипоҳи сухан” махсус зикр намуда, аз ҷумла, мегўяд:

“... Шеъри ў аз доираи баҳсҳое, ки ҳанўз ба номи наву куҳна идома доранд, берун аст ва ба нуқтаи эътидол наздик, ки дар он таносуби куллӣ аз ҳар лиҳоз - навъу қолаб, сабку забону баён, суннату ибдоъ эҳсос мешавад. Аз ин рў, мо дар ҳамаи анвои ашъори ў шоирро саргарми ҳадафи ниҳову ғоӣ ва ба дур аз тафаннуну тасаннуъ мебинем.”

Китоби “Сипоҳи сухан” аз фаслҳои “Ватаннома” “Силсилаи шеърҳои “Кобули доғдор”, “Ғазалиёт” ва “Мухаммасҳо” таркиб ёфта, ҳамчунин, дубайтию рубоиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар тасвири таърихи пурифтихори тоҷик мегўяд:

Ба таърихи гетӣ ба сад ифтихор,

Манам тоҷик он миллати тоҷдор.

Сипоҳу силоҳи сухан доштам,

Шукўҳе ба ҳар анҷуман доштам.

Умуман, маҷмўаи “Сипоҳи сухан” аз ашъори ҷолиби хонданӣ иборат аст ва дўстдорони каломи бадеъ метавонанд коми худро бо мутолиаи ин сурудаҳо шодоб созанд. Китоби мазкур дар нашриёти “Эр-Граф” бо теъдоди 300 нусха чоп шудааст.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш