Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падидаи некест, ки аз дурандешиву самимияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас гувоҳӣ медиҳад.
Ҳар фард таълими ибтидоиро дар оила мегирад. Аз ин ҷост, ки омўзгори аввалини ҳар як шахс, пеш аз ҳама, падару модари ўст. Оила маҳаки асосии ҷамъият аст. Тарбия аз оила оғоз ёфта, инсон то охири умр ба он ниёз дорад. Хушбахтона, дар бисёр оилаҳо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Фарзандони ин қабил оилаҳо дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буда, аз худ калонро эҳтиром мекунанд ва дар ҷодаи азхудкунии дарсҳо масъулиятшиносанд. Дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Бо чунин хонандагон дар мактаб ва берун аз он кор кардан осон аст.
Мутаассифона, ҳастанд шогирдоне, ки аз сифатҳои мазкур барканоранд ва бо онҳо додани таълиму тадрис мушкилиҳо дорад.
Волидони чунин шогирдон низ аз масъулият дур буда, қисмате одоби хуб надоранд ва ҳангоми муроҷиат ба онҳо ҷиҳати ислоҳи фарзандон айбро ба гардани мактабу маориф ва омўзгор бор мекунанд.
Борҳо мушоҳида кардам, ки дар чорабиниҳои мактабӣ, бахусус, маҷлиси падару модарон ин тоифа волидон иштирок намекунанд ва агар ҳозир шаванд, чун мушоҳидачӣ хомўш мешинанд, роҷеъ ба беҳбуди кор ҳарфе намезананд.
Қонуни мазкур падару модаронро вазифадор мекунад, ки фарзандро тавре тарбия намоянд, ки ў ба номи бошарафи падару модар, миллати хеш иснод наорад.
Бинобар ин, волидонро зарур аст, ки то мактабрав шудани фарзандонашон қоидаҳои рафтор, муомилаю муносибати хуб бо калонсолон, ҳамсолон, изҳори миннатдорӣ ва ҳангоми душвориҳо аз калонсолон ёрӣ пурсида тавонистанро ёд диҳанд. Яке аз роҳҳои тарбияи кўдак дар оила ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ва ибрати шахсии калонсолон аст. Дар ин асно падару модар бояд бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории мустаҳками доимӣ дошта бошанд.
Гулдаста МАДАМИНОВА,
омўзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ №17-и ноҳияи Шуғнон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр