Нашрияи Омӯзгор

Дар мактаб-интернат об нест

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим дар шаҳри Кўлоб  соли 1961 бо мақсади фаро гирифтани  кўдакони ятиму бепарастор ва фазандони оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия   таъсис дода шуда, фаъолияти густурда дорад.

Муассисаи мазкур аз се бинои асосии дуошёнаи дорои 28 синфхонаи таълимӣ ва хобгоҳи замонавӣ  барои 110 нафар иборат буда, ҳамчунин, ошхона барои 144 нафар кўдак  дар як баст ва ҳаммом дар хизмати тарбиятгирандагон қарор дорад. Тавре директори мактаб-интернат Роҳила Нураҳмадзода иброз дошт:

-Дар соли хониши 2019-2020 137 нафар тарбиятгиранда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 23 нафар омўзгору мураббии соҳибкасб машғул мебошанд. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим аз синфи 5 сар карда, бо хоҳиши хонандагон ва  ризоияти волидайну парасторашон қабул карда мешаванд. Барои мустаҳкам кардани заминаи моддӣ-техникии муассиса дар мактаб-интернат 13 кабинети таълимии фанҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва устохонаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо тахтаи электронӣ, видеопроектор, компютерҳо  ва дигар таҷҳизоти навине, ки барои баланд бардоштани сифати таълим мусоидат мекунад, дар ихтиёрӣ тарбиятгирандагон вогузошта шудаанд.  Кабинети технологияи иттилоотӣ дорои 31 компютер, принтер ва тахтаи  электронӣ буда, ба шабакаи доимии ИНТЕРНЕТ пайваст мебошад. Фонди захиравии адабиёти бадеӣ дар китобхонаи мактаб – интернат ба 6 ҳазор нусха мерасад ва соле аз тарафи маъмурияти муассиса то 1000 нусха китоби бадеӣ харидорӣ мешавад.Тамоми китобҳои дарсӣ ва бадеӣ барои хонандагон ба тариқи ройгон дастрас мебошад. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат дар вақтҳои фароғат аз дарсҳо ба гузаронидани машғулиятҳои фарҳангию варзишӣ машғул мешаванд. Дар мактаб – интернат 18 нафар духтарони ятиму бепарастор таҳсил мекунанд, ки таҳти ғамхории махсуси роҳбарияти муассиса қарор доранд ва тамоми шароитҳои зарурӣ барояшон муҳайё гардонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар мактаб-интернат аз шумораи 113 нафар кўдак,  4 нафар ятими кулл, 8 нафар бепарастор ва 101 нафар аз оилаҳои нимятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Хонандагон дар ошхонаи мактаб- интернат бо се вақт хўроки гарм таъмин буда,  ошпазҳову мураббияҳои мактаб-интернат кўшиш мекунанд, ки таркиби хўроки тайёркардаи онҳо аз маҳсулоти гуногуни  серғизо иборат бошад.  Раванди таълиму тарбия дар мактаб – интернат аз рўи равияи умумӣ  ҷараён дошта, назорати сифати таълиму тарбияро аъзои гурўҳи  идоракунии сифати таҳсилот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд, ки дар натиҷа сол то сол омўзгорону хонандагон ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Соли таҳсили 2019 – 2020  2 нафар тарбиятгирандаи мактаб – интернат, Шоҳрухи Абдусалом аз фанни физика ва Қуввати Ёқубҷон аз фанни таърих дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардиданд. Имсол 26 нафар хатмкунандаи синфи 11 барои дохил шудан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ аз қайди ММТ гузаштанд, ки аз онҳо 19 нафар сазовори номи донишҷў гардиданд. Агар соли гузашта барои азнавсозии кабинети фанни физика ва химия 11 ҳазор сомонӣ  масраф шуда бошад, пас, имсол барои таҷдиди китобхонаи мактаб 10 ҳазор сомонӣ сарф намудаанд. Мутаассифона, аз набудани маблағи муайян, толори фарҳангӣ ва варзишӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Солҳои зиёдест, ки сарпарастии мактаб – интернати мазкурро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. То соли 2018 роҳбарияти  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кўдаконро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуда, аз ҷумла, бо маводи ғизоӣ, сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш ба қадри лозимӣ таъмин мекарданд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки тайи ду соли охир роҳбарияти ин вазорат барои тарбиятгирандагони мактаб- интернат ягон кумаку дастгирӣ намекунанд. Болои ин мушкилот, боз ба сари тарбиятгирандагони мактаб – интернат, мушкилоти дигар пеш омадааст, ки ин норасоии оби ошомиданӣ мебошад. Тавре ки директори мактаб – интернат Р. Нураҳмадзода мегўяд: 

- Бо мактуби дархостӣ борҳо ба идораҳои дахлдори ҳукумати шаҳри Кўлоб муроҷиат кардем, вале сад афсўс, ки ба додамон касе нарасид. - Боиси нигаронист, ки нарасидани оби ошомиданӣ  сабабгори пайдошавии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар байни тарбиятгирандагони мактаб –интернат мегардад. Дар давоми соли ҷорӣ тибқи нақшаи корӣ, вазъи ташкилии назорати дохилимактабӣ, сифати таҳсилот ва дониши хонандагон дар мактаб - интернат аз тарафи гурўҳи корӣ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуда, фаъолияти маъмурият ва омўзгорони мактаб – интернат хуб арзёбӣ гардид. Маъмурияти муассиса якҷо бо омўзгорон барои гузаронидани фасли сармо, кўшиш намуда истодаанд ва то имрўз 51 куб ҳезум, 50 адад печи барқӣ ва дигар маводи сўзишвориро барои фасли зимистон омода намуданд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш