Нашрияи Омӯзгор

Омўзиши забони русӣ – талаби замон

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Машғулиятҳои забони русӣ дар муассисаҳои таълимӣ тавре бояд роҳандозӣ гарданд, ки шавқу рағбати хонандаро ба омўзиши ин фан бедор намоянд. Барои ин омўзгорро мебояд ҳангоми баргузории дарсҳо танҳо бо забони русӣ муошират намояд, зеро яке аз роҳҳои забономўзӣ муоширату муомила бо забони мазкур ба шумор меравад. Ҳар қадар хонанда зиёдтар бо забони русӣ сухан гўяду муошират кунад, ҳамон андоза нутқаш инкишоф ёфта, таркиби луғавияш бой мегардад. Аз таҷрибаи зиёди кории худ ба хулосае омадам, ки агар омўзгорон дар дарсҳои забони русӣ аз муколамаву монолог ва дигар усулҳои шавқовар истифода намоянд, шогирдон дар муддати кўтоҳ бо ин забон такаллум карданро ёд мегиранд. Манбаи дигар дар бедор намудани шавқу завқи забономўзии хонандагон, адабиёти пурғановати рус ба ҳисоб меравад.

Осори гаронбаҳои адибони барҷастаи рус Пушкин, Толстой, Чехов, Горкий ва дигарон шоҳкори адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб мераванд ва пешниҳоди мутолиаи онҳо шавқу рағбати хонандагонро ба омўзиши забони русӣ бештар менамояд.

Барои ин омўзгорони забони русӣ бояд худ мутолиаи зиёд дошта, осори арзишманди адибони барҷастаи русро ба таври шоистаз худ карда бошанд. Омўзгор ҳангоми баёни мавзўи нав метавонад бо нақли эпизоди шавқовар аз осори ину он адиби рус хонандагонро ба омўзиши забони русӣ шавқманд гардонад. Хонандагон барои огоҳ ва пурра шинос шудан бо муҳтавои асар водор мешаванд, ки асарро ёфта мутолиа кунанд. Омўзгор бояд асарҳоеро интихоб кунад, ки онҳо ба синну соли хонандагон мувофиқ бошанд. Бо мутолиаи китобҳои бадеӣ, аз як тараф, ҷаҳонбинии хонанда ташаккул меёбад, аз ҷониби дигар, захираи луғавииаш ғанӣ мегардад.

Ҳамин тавр, ба мутолиаи чанд асар ў забони русиро дар сатҳи муайян ёд гирифта, фикрашро озодона баён карда метавонад. Истифодаи методу усулҳои нави таълим, воситаҳои аёнӣ ва тахтаҳои электронӣ баҳри омўзонидани забони рус нақши судманд мегузорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таълими забони русӣ диққати асосӣ бояд ба луғатдонии шогирдон равона гардад, зеро донистани маънию моҳияти калимаҳо, ва дарки тобишҳои луғавии онҳо барои омўзиши забони русӣ муҳим мебошад. Аз ин рў, омўзгор дар раванди дарс бояд ба тарзи талаффуз ва гузоштани зада дар калимаҳо аз ҷониби хонандагон диққати махсус диҳад.

Талаффузи дуруст ва гузоштани зада дар калимаҳо ба шогирдон имконият медиҳад, ки ҳангоми қироати шеъру достон ва мутолиаи асарҳои насрии шоирону нависандагони рус ба моҳияту мазмун ва ғояи осори мазкур сарфаҳм рафта, душворӣ накашанд.

Шарти асосии омўзиши забони русӣ озодона ва бе сакта талаффуз намудани вожаҳо ва талаффузи бехато ба ин забон буда, дар ҷараёни дарс зуд - зуд ба роҳ мондани муколамаҳо (диалогҳо) дар байни хонандагон ба беҳтар азхудкунии забони русӣ мусоидат мекунад. Ташкил ва гузаронидани корҳои хаттӣ, аз ҷумла, намудҳои гуногуни диктант, нақли хаттӣ ва иншо аз рўйи расм ва манзараҳои атроф ҷолибу судманд мебошанд.

Манзура АМИНҶОНОВА,

омўзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш