Нашрияи Омӯзгор

Симои ибратомўз

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

 

Педагогҳои барҷаста батакрор таъкид кардаанд, ки омўзгор бояд бо тамоми ҳастӣ - рафтору гуфтор, сарулибос ва ҳаракатҳояш манбаи омўзиш ва ибратпазирии шогирдон бошад. Хонандагон табиатан ба омўзгори худ эҳтирому эътиқод доранд, на танҳо ба суханаш гўш медиҳанд, балки мекўшанд, ки чун ў бошанд ва аз ин рў, ба ҳар як амали устоди худ бо камоли таваҷҷуҳ менигаранд ва тақлид ба ў мекунанд. Омўзгор бояд ин ҳақиқатро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад ва дар ин замина рафтору гуфтор намояд. Агар сухани омўзгор бо амалаш мувофиқат накунад, агар рафтору кирдораш ба  таври шоиста ибратомўз набошад, фаъолияташ пурсамар нахоҳад буд, обрўю эҳтиромаш назди шогирдон коҳиш хоҳад ёфт.

Аслан, омўзгор иззатмандтарин шахси ҷомеа аст, ҳамагон ба ў эътиқодманданд ва сари ҳалли ҳар мушкилие рўи ниёз ба ў меоранд. Шукуфоии ҷомеа, густариши хираду маърифат дар он аз омўзгор вобастагии қавӣ дорад ва мазмуни шоҳбайти маъруфи зер низ ҳамин нуктаро таъкид мекунад:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи фаъолияти омўзгорон гуфтаанд: «Бедории  фикр, тозагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омўзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрўзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омўзгор, муаллим ва устод аст.»

Бисёр олимони номвари ҷаҳон оид ба шахсияти омўзгор изҳори ақида карда, ҷанбаҳои асосии пешаи ўро ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Чунончи, педагоги маъруф А.А.Каменский гуфтааст, ки «Муаллим ба шогирдон барои такмили донишу ҷаҳонбиниашон дастуру китобҳои муфидро тавсия медиҳад, вале беҳтарину муассиртарин дастур барои шогирдонаш, пеш аз ҳама, худи ў, кирдору омолу гуфтораш аст. Шахсияти муаллим мактабест пурмуҳтавою фарогир ва хеле муассир». Донишманди машҳури улуми педагогикаю психологияи рус К.Д. Ушинский зикр кардааст:

«Дар масоили таълиму тарбия мавқеи шахсияти омўзгор ва обрўю эҳтироми ў барҷаста аст ва аз ин лиҳоз таъсирмандии онро ҳеҷ як василаи дигаре иваз карда наметавонад.» Ин  ақидаи барҳақро мутахассисони маъруфи илми педагогика ба ҳар гуна ва бо далелҳои муътамад таъкид кардаву тавсиф бахшидаанд. Чунончи, А.И. Гертсен, ки дар қатори маъруфтарин олимони улуми иҷтимоии рус қарор дорад, иброз доштааст, ки «ба маънавияти шогирдон натанҳо маҳорату малакаю дониши омўзгор, балки хислатҳои ҳамидаи маънавии ў таъсири файзбахш мерасонанд.» Ҳамаи ин нуктаҳо бар он далолат мекунанд, ки омўзгор бояд пайваста биомўзад, донишу маҳораташро такмил бошад, ба рафтору гуфтораш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намояд. Омўзгор машъали раҳнамои ҷомеа аст, зиёиест, ки на танҳо  шогирдон, балки аҳли ҷомеа  ҳамарўза ба хираду маърифати ў рўи ниёз меоваранд. Ин ҳам масъулияти ҷиддисту ҳам ифтихори баланд. Ин гуфтаҳоро метавон бо суханони пурҳикмати донишманди дигари рус В.Дал хотима бахшид: «Омўзгор худ он гуна бояд бошад, ки шогирдонашро дидан мехоҳад».

 

Шаҳноза РАҲМАТОВА,

омўзгори мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш