Нашрияи Омӯзгор

Саводи баланди омўзгор ҳатмист!

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Яке аз нишонаҳои мавҷудияти ин ё он миллат соҳибзабонии он аст. Ҳамин «воситаи муҳимтарини алоқаи байни инсонҳо»-ст, ки имрўз бо ҷомеаи байналмилалӣ муносибатҳо барқарор гардида, барои рушду нумўи кишварҳои ҳаммаром заминаи мусоид фароҳам меорад. Билотардид, забони модарии мо аз зумраи он забонҳои пурқудратест, ки мавҷудияти тоҷиконро чун миллат тақвият медиҳад.  Ин забони ноб садсолаҳо дар ҳоли рушдёбист ва боз ҳам имрўз дар хидмати мост.

Эҳтироми забон, эҳтироми Модар, эҳтироми Ватан эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба шумор меояд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки мо ағлаби маврид ба тозагии забонамон беэътиноӣ зоҳир мекунем, ҳарчанд ки аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (с. 2011) ҳафт сол сипарӣ гашт. Ғалатгўӣ, ғалатнависӣ ончунон роиҷ шудааст, ки ҳатто номҳои одамон, маҳалҳо дар шиносномаҳо дуруст навишта намешаванд. Дар сари ҳар қадам дар кўчаҳо, толорҳои муассисаҳои гуногун овезаҳою шиорҳои ғалатро метавон вохўрд. Боиси таассуф аст, ки аксаран қоидаҳои имло аз тарафи истеъмолгарони ин забони шевою зебо риоя намегарданд.

Баланд бардоштани савияи дониши хаттию шифоҳӣ ва маданияти нутқи хонандагон яке аз вазоифи муҳими омўзгорони тамоми фанҳои таълимгоҳҳо ба шумор меравад. Ин рисолатро фақат ба дўши омўзгорони забону адабиёти тоҷик вогузоштан шояд дуруст набошад-ин рисолати тамоми омўзгорони соҳибзабон аст, ки бояд дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии хеш кўшо бошанд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки дониши хаттию шифоҳии хонандагонро баланд бардорем, ин дар ҳоле муяссар мегардад, ки агар онҳо меъёрҳои забони адабии тоҷик (меъёрҳои фонетикӣ, луғавӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, имлоӣ ва услубӣ)-ро дуруст биёмўзанд, дар навиштору гуфтор онҳоро риоя намоянд.

Дар муассисаи мо омўзгорон азму талоши пайваста доранд, ки шогирдонашон ҳангоми посух додан ба суолҳои пешниҳодшаванда ва инчунин, ҳангоми муошират байни ҳамдигар ба лаҳҷаву шеваҳои мустаъмал сухан накунанд, бо забони тозаи тоҷикӣ ҳарф заданро ёд бигиранд. Бояд таъкид кард, ки мо-омўзгорон бояд худ аз гуфтори лаҳчавӣ худдорӣ намоем, ба буррою равон ва фасеҳ сухан гуфтан одат кунему онро ба шогирдон биёмузонем. Наврасон хеле ҳассосу кунҷкованд ва бештар дар суханрониашон ба омўзгорони худ тақлиду пайравӣ мекунанд.

Иштибоҳоте, ки дар дафтарҳои шогирдон вомехўранд, бояд саривақт аз тарафи омўзгорон ислоҳ карда шаванд, ҳусни хаташон таҳти назорати доимӣ қарор бигирад. Ҳайати омўзгорон тамоми кўшишу талоши худро бояд ба он равона кунанд, ки дар дафтарҳои синфӣ, корҳои хаттию санҷишӣ, нақшаҳои ҳаррўзаи дарсиашон хатоҳои имлоӣ ба чашм нарасанд.

 Иллати асосии сар задани хатоҳои имлоӣ дар гуфтору навиштор ин адами таваҷҷуҳмандӣ ба мутолиаи китобҳои илмию адабист, ки умуман масъалаи доғи рўзи тамоми ҷомеаҳои пасошўравист. Беҳтарин устоде, ки ба инсон савод меомўзонад, китоб аст, рўзномаю маҷаллаҳоянд, ки ба онҳо, мутаассифона, имрўз майлу рағбати насли наврасу чавони мо камтар ба чашм мерасад. Пас, вазифаи мо- омўзгорони мактабҳо ба китобхонаи муассисаҳои таълимӣ бештар аз пештар ҷалб кардани шогирдон аст.

Хонандаи босаводро омўзгоре таълим дода метавонад, ки худ босаводу аз тамоми қоидаҳои имлои забони точикӣ комилан воқиф бошад. Бо назардошти ҳамин нукта дар муассисаи мо омўзгорони забону адабиёти тоҷик тасмим гирифтанд, ки ҳамасола ҳангоми таътили зимистонаю тобистона ба омўзгорони дигар фанҳо 20 соат аз имлои забони тоҷикӣ дарсҳои омўзишӣ гузаронанд ва дар охир аз онҳо имлои санҷишӣ бигиранд.

Ниёзбегим РАВШАНОВА,

омўзгори забону адабиёти тоҷики  МТМУ №34,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш