Нашрияи Омӯзгор

Аз хуб ба хубтар шитобем

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ машварати августии кормандони маорифи ноҳия баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Насимҷон Ғоибзода  қайд намуд, ки солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар дар соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои соҳаи маориф 40 млн.48 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас, ин нишондиҳанда дар соли 2021-ум ба 47 млн. 694 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Дар зарфи 5 соли охир дар шаҳраку деҳоти ноҳияи ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, аз вазъи себаста раҳоӣ бахшидани мактабҳо, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ афзоиш ёфта, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимии №№26,42 ва гимназияи давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар соли 2021 аз ҳисоби маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таълимии №43-и Ҳуснобод бо маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ идома дорад. Дар соли сипаригардида 188 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 85 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Хонандагони литсейи давлатии №1 дар соли таҳсили 2020-2021 дар сатҳи ниҳоии олимпиада иштироки фаъолона надоштанд. Маълум мешавад, ки сифати таълим, ташкили дарсҳои иловагӣ, фаъолияти омўзгорони муассиса дар ҳаракати олимпӣ беҳбудӣ мехоҳад. Дар суханронии мудири шуъбаи маориф нисбат ба фаъолияти кабинети методии шуъбаи маориф ва роҳбарони шуъбаи иттиҳодияҳои методии фанҳои алоҳида изҳори нигаронӣ шуд.

Раиси ноҳия Одиназода  Бозоралӣ Неъмат зимни суханронӣ дар машварати августӣ таъкид намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шароиту имкониятҳои мавҷуда, сатҳи дониши хонандагон ва сифати таҳсилот ба талаботи барномаи таълимӣ ҷавоб намедиҳад. Агар яке аз сабабҳои паст будани сифати дониши хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ, набудани муҳити муошират ва нокифоягии китобҳои дарсию адабиёти методӣ бошад, аз тарафи дигар, сатҳи дониш ва малакаю маҳорати касбии қисме аз омўзгорон, кам будани соатҳои дарсӣ мебошад, ки ин ҳолат ба косташавии сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон оварда расонидааст. Дар фарҷоми машварати омўзгорон як гурўҳи омўзгорони фаъолу навовар бо туҳфаҳои таъсиснамудаи раиси ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ шуданд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш