Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳои назаррас

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Бо садо додани Суруди миллӣ дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маориф оғоз гардид. Машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева оғоз бахшида, дар мавзўи “Муваффақият ва дастовардҳои аҳли маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърўза намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аз ҷумла гуфт, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро, пеш аз ҳама, пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақша-чорабиниҳои таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз он ҷумла, муассисаи таҳсилоти томактабии №35, кўдакистонҳои хусусии “Хуршеди Истиқлол” ва “Меҳросо” мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин, гимназияи “Эҳёи маънавият”, муассисаи таълимии институти ибтидоии “Аркон”, муассисаи таълимии хусусии “Камоли Хуҷандӣ” ба фаъолият шурўъ карданд. Ҳамзамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 оғоз гардид. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бинои нави муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Мактаби Пулотов” ва муассисаи таълимии Оксфорд бомаром идома дошта, рўзҳои наздик мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.

Соли равон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 89 нафар хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба тариқи онлайн 762 нафар хонанда дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани 281 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

Қайд гардид, ки омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ арзандаанд, зеро ки пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Боиси қаноатмандист, ки устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани нуфузи ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри дастгирии омўзгорон омода аст.

Дар ҷараёни кори машварат сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, директори литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Моҳира Азимова, мудири кўдакистони №6 Малика Исобоева андешаронӣ намуданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш