Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба пажӯҳиш

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Соли 2017  дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо мақсади муттаҳид намудани олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишкада ва филиалҳои он дар минтақаҳо, тақвияти зарфияти илмии муассисаҳои такмили ихтисос, андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгироишуда дар самти татбиқи сиёсати давлат миёни кормандони ҷавон, саҳм доштан дар таҳияи барнома ва дастурҳои таълимӣ ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф дар донишкада Шӯрои муҳаққиқон таъсис дода шуд. Дар як муддати кӯтоҳ низомномаи шӯро ва нақшаи кории шӯро тасдиқ карда шуд. Пас аз таъсиси шӯро дар давоми сол ҳафт нафар корманди ҷавони донишкада дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ҷалб карда шуданд. Аз ин ҳафт нафар ду нафар ба тариқи шартномавӣ ба ҳайси унвонҷӯ қабул гардиданд.

Айни ҳол дар донишкада 16 нафар омӯзгору корманди ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Қисми зиёди унвонҷӯён дар самти методикаи таълими фан ва педагогика оид ба мавзӯъҳои мубрами рушди соҳа корҳои илмӣ-тадқиқотӣ намуда истодаанд ва дар назар аст, ки дар муҳлати муқарраргардида рисолаҳои илмиашонро ҳимоя намоянд. 

Баъди таъсиси Шӯрои муҳаққиқон ба нашр расонидани мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ  аз ҷониби аспирантону унвонҷӯёни донишкада зиёд гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки фаъолияти Шӯрои муҳаққиқон пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти донишкада қарор дошта, ҳар моҳ як маротиба  ҳисоботи раиси шӯро доири корҳои анҷомдодаи муҳаққиқон дар ҷаласаи назди ректор пешниҳод карда мешавад.

Дар як муддати кӯтоҳ унвонҷӯён мавзӯъҳои худро тасдиқ намуда имтиҳонҳои аввалинро бо муваффақият супориданд ва бо маслиҳати роҳбарони худ бобҳои алоҳидаи кори илмии худро омода намудаанд.

Ҳамзамон, барои ҳавасмандгардонии муҳаққиқон, бо қарори Шӯрои олимон ба унвонҷӯёне, ки кори номзадии худро ҳимоя ва ё барои ҳимоя пешниҳод мекунанд, бо пешниҳоди раиси Шӯрои муҳаққиқон 5000 сомонӣ мукофотпулӣ муайян карда шудааст, ки ба ин васила барои дар муддатҳои муайяншуда ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ мусоидат менамояд.

 

Имомназар Холназаров,

корманди МД ДҷТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш