Дар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он раиси вилояти Суғд Р.Аҳмадзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Саломиён, намояндагони соҳаи маорифи вилоят, собиқадорони соҳа, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Раиси вилоят зимни баромади хеш изҳор дошт, ки дар арафаи фарорасии Рўзи дониш ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидани мулоқот басо рамзист, зеро маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон соҳаи маориф самти афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардид ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.
Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Саломиён иштирокдоронро аз номи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода бо фарорасии соли таҳсили 2021 – 2022 таҳният гуфта, перомуни дастоварду комёбиҳои аҳли маорифи вилоят ва камбудию норасоиҳои мавҷуда изҳори назар намуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр