19 августи соли 2021 дар толори театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон доир гардид. Дар машварат раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, сардори раёсати маорифи вилоят Ашўралӣ Олимӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарон ва омўзгорони муассисаҳои таълимии 25 шаҳру навоҳӣ ширкат доштанд.
Дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф, фаъолияти назарраси омўзгорон, муваффақияти хонандагон дар олимпиадаҳо ёдовар шуда, пешсафони соҳаро қадрдонӣ карданд.
Дар машварати омўзгорон Қурбон Ҳакимзода, Нуралӣ Собирзода, Ашўралӣ Олимӣ ва чанде аз омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар бораи пешрафт ва мушкилоти соҳаи маорифи вилояти Хатлон ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табодули афкор намуданд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Соли равон дар вилоят 89 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудаанд, ки аз ин миқдор наздик ба 60 фоизи он (1 миллиарду 242 миллион сомонӣ) ба соҳаҳои илму маориф рост меояд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, давоми солҳои 2018-2021 аз 790 иншооти соҳа 722 (91,4 фоиз) муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, бино ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Инчунин, қайд гардид, ки соли 2020 бо ҷалби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар 66 мактаб 445 синфхонаи таълимӣ барои 11124 ҷойи нишаст, 3 муассисаи томактабӣ барои 270 ҷойи кўдак ва дар 7 моҳи соли равон дар 25 мактаб 224 синфхонаи таълимӣ барои 7149 ҷойи нишаст ва 1 муассисаи томактабӣ барои 315 тарбиятгиранда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 60 иншооти дигари соҳа барои 9927 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода супурда шаванд.
Ҳамасола наздик ба 5 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои вилоят имкони дарёфти квотаю стипендияҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсилро ба мактабҳои олии бонуфузи дохили ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои пешрафтаи дунё доранд. Дар ду сол 10 нафар беҳтарин корманди соҳа ва омўзгори варзидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мегарданд. Бо қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон, ҳамасола барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мувофиқан дар ҳаҷми 5 ва 10 ҳазор сомонӣ ба олимону муҳаққиқони вилоят мукофотпулӣ дода мешавад. Соли 2020 дар доираи ин иқдом 22 нафар соҳиби ҷоизаи мазкур гардиданд.
Ба ҳамин монанд, ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 3 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, ки дар солҳои 2019-2020 18 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Дар соли 2021 боз 10 нафар шогирд ва роҳбарони муассисаҳои таълимии онҳо сазовори ин мукофот гардиданд.
Дар рафти суханрониҳо дар бораи як қатор камбудӣ, норасоӣ ва мушкилиҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон изҳори назар гардид.
С. АЗИЗӢ,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр