Дар тўли 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соҳаи маориф дар кишвар бесобиқа рушд кард. Бахусус, дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 193 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 26360 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 349 миллион сомонӣ сохтаву мавриди истифода қарор дода шудаанд.
То ба ин вақт бинои раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳр, ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим, Рўшону Роштқалъа аз нав сохта шудаанд, - мегўяд сардори раёсати маорифи вилоят Одинашоҳ Мардов.
Бо мақсади тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар шаҳри Хоруғ литсейи Оғохон, мактаби Президентӣ барои кўдакони болаёқат, мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятиму бепарастор дар ноҳияи Рўшон таъсис дода шуданд, ки дар онҳо беҳтарин шароит барои таълиму тарбия муҳайё аст.
Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифта, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рўшону Шуғнон ва Ишкошим ва 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Рўшон, Ишкошиму шаҳри Хоруғ бо маром идома доранд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр