Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи ҳаждаҳуми вазирони фарҳанг

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

 

18 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаждаҳуми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур вазири давлатии фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Арҷун Рам Мегвал, вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Актотӣ Раимқулова, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Сю, вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Қайрат Иманалиев, вазири мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Шафқат Маҳмуд, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Ярилова, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва вазири маданияти Ҷумҳурии Ўзбекистон Озодбек Назарбеков фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин, дар ҷаласаи мазкур Дабири кулли СҲШ Владимир Норов низ иштирок дошт.

Ҷаласа таҳти раёсати вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода роҳандозӣ гардид.

Вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи фарҳанг дар доираи СҲШ муҳокима карданд. Ҳамзамон,  оид ба иҷрои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи фарҳанг (ш. Бишкек, 16 августи соли 2007) ва созишномаҳои вохўриҳои гузаштаи вазирони фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷаласаи навбатии вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2022 дар Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор шавад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш